Ширкатҳои сохтмони Русия изҳори омодагӣ намудаанд, ки ба муҳоҷироне, ки баҳри кор ба Русия меоянд, барои гирифтани ваксина имкон фароҳам месозанд, изҳор доштааст муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин.

Дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони “Русия-24” ӯ изҳор доштааст, ки “назди худ вазифа гузоштем, ки ҳамаи муҳоҷирони коргарро, ки ба Русия меоянд, бо ваксина гирифтан таъмин намоем” ва ширкатҳои сохтмон “худашон омодаанд, ки ваксинагириро ташкилу баргузор ва маблағашро пардохт кунанд”, менависад нашрияи “Взгляд”.

“Худи коргароне, ки масалан аз Беларусу Ӯзбекистон ва Тоҷикистон меоянд, низ ба он манфиатдоранд, ки дар ин ҷо кор карда, маош гиранд. Шарти мо ваксин гирифтан аст ва умедворам, ки онҳо ин шарти моро мепазиранд”, - илова кардааст муовини сарвазир.

Қаблан дигар муовини сарвазири Русия Татяна Голикова хабар дода буд, ки масъалаи ваксинагирии муҳоҷирон ва донишҷӯёни хориҷиро ҳукумати Русия ояндаи наздик ҳаллу фасл мекунад.

Аввали моҳи май президенти Русия Владимир Путин изҳор дошта буд, ки дар бисёре аз соҳаҳои иқтисоди ин кишвар норасоии қувваи корӣ ба назар мерасад ва ҳукумат аз тамоми имконоташ истифода мебарад, то ки муҳоҷирони кории ба ин ҷо омада худро бароҳату хуб ҳис кунанд.

Як рӯз пеш, 15 июн Владимир Путин дар бораи танзими ҳуқуқи хориҷиён дар давраи пандемияи COVID-19 фармон ба имзо расонид, ки мувофиқи он муҳлати ҳузури муваққатии муҳоҷирон дар Русия бидуни таҳрим то 30 сентябри соли 2021 тамдид шуд. Тибқи матни санад, агар хориҷиён ба қонуншиканӣ даст назада бошанд, онҳо то 30 сентябр ихроҷ карда намешаванд.

Раиси Шӯрои нозирони Фонди Хоҷагии манзилию коммуналӣ Сергей Степашин изҳор доштааст, ки ҳудуди 300 ҳазор нафар муҳоҷирон ба наздикӣ ба сохтмонҳои Русия омада метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.