Шабакаи Тулуънеюси Афғонистон аз як ҳамлаи ба хонаи Устод Ато Муҳаммади Нур, воли пешини вилояти Балх ва яке аз раҳбарони тоҷикон дар Афғонистон хабар медиҳад. Бино ба иттилои ин шабака, ба хонаи Устод Ато дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ҳовон (тири гранатомет) фуруд омадааст, ки дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шудаанд.
Ин ҳодиса баъд аз чошти имрӯз рух додааст, ки бар асари ин ҳамла мошини Муҳамадалӣ Муҳаққиқ писари Муҳаммад Муҳаққиқ яке аз пешвоҳои қавми ҳазора дар Афғонистон, осеб дидааст.
Бархе расонаҳои дигар ин ҳодисаро инфиҷор дар ҳавлии Устод Ато номидаанд.
Аммо шабакаи Тулуънеюс гуфтааст, ки ин тири партобшуда ба мошини зиреҳи Муҳаққиқ бархӯрдааст.

Сайид Муҳаммад Зоҳир Масрур, вакили мардуми Балх дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба ин шабака гуфтааст, ки ин тир замоне ба хонаи Устод Ато фуруд омад, ки бо раҳбарии ӯ дар хонааш маҷлисе дар ҷараён буд.
Дар ин маҷлис Устод Ато бо бархе аз сиёсатмадорони дигар дар бораи вазъи амниятии вилояти Балх баҳсу барномарезӣ доштаанд.
То ҳол маълум нест, ки ин кори кадом гуруҳе будааст. Гуруҳи "Толибон" ҳам то кунун дар бораи ин рӯйдод чизе нагуфтаанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки Ато Муҳаммади Нур, баъди суқути ноҳияҳо ба дасти "Толибон, " дар Балх хезишҳои мардумӣ ва басиҷи миллиро шакл дода ва алайҳи Толибон мубориза мекунад. Чанд рӯз пеш ӯ аз поксозии вулусволии стратегии Калдори ин вилоят хабар дода буд, ки бо Тоҷикистон ҳам ҳаммарз аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон бензин ва сӯзишвории дизелиро аллакай бо рубл мехарад
Шумори муҳоҷирони ба Русия воридшуда аз рекорди 6 сол пеш зиёд шуд
Вазорат норасоии омӯзгоронро аз 3 ҳазору 406 ба 544 нафар расондааст. Норасоии омӯзгорон дар кишвар ҳал шуд?
Агентии Оғохон ба мақомоти ноҳияҳои Рашту Файзобод паноҳгоҳҳои изтирорӣ тақдим намуд
Мансабдори давлатӣ барои шаҳодатномаи замин 13 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст
Ширкати 7 ҷудокори тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар Эквадор
“Толибон” боз хостори баргардонидани чархболҳо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон шуданд
Темур Раҳимов дар вазни худ ҷудокори №1 дар ҷаҳон шуд
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Бубинед кай ва кадом роҳҳо баста мешаванд
Низомиёни тоҷик дар бозиҳои ҳарбии “Десанти баҳрӣ-2022” иштирок мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста