Имсол дар Маскав ҳузури намозгузорон дар масҷидҳо барои адои намози Иди Қурбон манъ шуд. Бар асари пандемияи коронавирус имсол Иди Қурбон дар шаҳри Маскав тариқи фосилавӣ (онлайн) ҷашн гирифта мешавад ва дари масҷидҳои шаҳр барои ибодаткунандагон баста мешавад. Дар ин бора “Интерфакс” бо такя ба Шӯрои уламои Идораи мусулмонони Русия хабар додааст.
- Намози ид дар Маскав танҳо дар Масҷиди ҷомеъ бо иштироки имомон, муаззинҳо ва муовини муфтӣ баргузор мешавад. Дар дигар масҷидҳо, инчунин ташкилотҳои маҳаллии динии мусалмонон намози ид тавсия дода намешавад. Ҳама мусулмонон бояд дар хонаҳои худ, дар ҳалқаи оила фазои идона фароҳам оранд, - омдааст дар изҳороти муфтиёти Маскав.
Манбаъ менависад, ки Идораи минтақавии мусулмонон, ки тобеи Идораи мусалмонон мебошанд бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ дар маҳалли худашон дар бораи тартиби баргузории намози ид қтасмим мегиранд.
Бояд гуфт, ки имсол дар РусияиИиди Қурбон 20 июл таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ имсол Иди Қурбон рӯзи 20 июл ҷашн гирифта мешавад. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи тақвими мусалмонии қамарӣ имсол таътил ба 20 июл рост меояд.
Санаи расмӣ пагоҳ, 13 июл, дар ҷаласаи Шӯрои уламо эълон мешавад. Дар ин нишаст ҳама гуна тадбирҳо дар рӯзи ид низ баррасӣ карда мешаванд.
Соли гузашта Иди Курбон дар Тоҷикистон бидуни намози азими идона ҷашн гирифта шуд, то аз паҳншавии коронавирус ҷилавгирӣ шавад.
Иди Қурбон бузургтарин ҷашни исломӣ аст, ки ҳамасола ду моҳу 10 рӯз пас аз иди Фитр таҷлил карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста