Рассоми даниягӣ Куст Вестергор, ки ба сифати муаллифи карикатураҳои ҷанҷолӣ ба пайғамбар Муҳаммад (с) дар газетаи Jyllands-Posten маъруфият пайдо кард, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 86-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад Медуза.

Газетаи Jyllands-Posten моҳи сентябри соли 2005 нисбат ба пайғамбар Муҳаммад (с) 12 карикатура нашр кард. Ин амал ба эътирозҳои оммавии мусулмонон дар Дания ва сипас дар бисёре аз кишварҳои мусулмонӣ боис гардид. Баъзе эътирозҳо бо бетартибиҳо ба анҷом расида, дар онҳо зиёда аз 100 нафар ҳалок шуданд. Чанде аз кишварҳои арабӣ сафирони худро аз Дания бозхонд намуда, ба маҳсулоти Дания таҳрим эълон карданд.

Ҳаракати “Толибон” барои қатли Курт Вестергор мукофот эълон кард. Рассом ва оилаи ӯ зери муҳофизати шабонарӯзӣ гирифта шуда, он то рӯзҳои ахири умрашон давом кард.

Моҳи январи соли 2006 Jyllands-Posten барои нашри тасвирҳо маъзарат хост. Лекин то ин вақт ба хотири ҳамраъйӣ карикатураҳоро дигар васоити ахбори оммаи саросари ҷаҳон нашр намуданд.

Яке аз ин расонаҳо маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавии Charlie Hebdo буд. Минбаъд он ба нашри карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) идома дод. Соли 2015 барои ин кор дар дафтари кории маҷалла амали террористӣ содир шуда, дар натиҷа 12 нафар ҳалок шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.