Дорандагони раводиди сайёҳӣ, ки ваксинаи пурраи зидди коронавирусро гирифтаанд, акнун метавонанд бидуни ҳатман дар карантин қарор доштан ба Арабистони Саудӣ ворид шаванд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дуруст аст, ки ин сабуксозии қоидаҳо ҳанӯз ба онҳое, ки бо “Спутник V” эм карда шудаанд, дахл надорад, зеро ин ваксина дар кишвар эътироф нашудааст.

Вуруд ба Арабистони Саудӣ ба сайёҳоне иҷоза дода мешавад, ки бо яке аз ваксинаҳои зерини тасдиқшуда эм карда шуда бошанд: Oxford/Astra Zeneca, Pfizer/BioNTech, Moderna ва Johnson and Johnson.

Илова бар ин, сайёҳоне, ки ваксинаи Sinopharm ё Sinovac гирифтаанд, низ иҷозаи вуруд доранд. Аммо, онҳо бояд вояи иловагии яке аз чор ваксинаеро гиранд, ки дар ин кишвар тасдиқ шудааст.

Ҳама мусофирон инчунин бояд санҷиши манфии ПСР-тестро пешниҳод кунанд, ки на дертар аз 72 соат пеш аз парвоз гирифта шудааст.

Саҳеҳ мешавад, ки муҳлати будубош дар Арабистони Саудӣ бо раводиди сайёҳӣ (барои як сол эътибор дорад) набояд аз 90 рӯз зиёд бошад. Пардохти боҷи консулӣ барои коркарди ҳуҷҷатҳо тақрибан 120 доллар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.