Шумори фавт аз пандемияи коронавирус дар Эрон то 94 ҳазору 15 ҳолат афзуд. Дар ҳамин ҳол тайи 24 соати ахир 542 нафар шаҳрвандони ин кишвар бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд, хабар медиҳад ИРНА бо истинод ба Вазорати тандурустии Эрон.

Ин нишондиҳандаи баландтарин дар Эрон дар тамоми муддати давраи пандемия мебошад.

Дар Вазорат изҳор доштаанд, ки тайи 24 соати ахир инчунин 39 ҳазору 619 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 4 ҳазору 102 кас бистарӣ шудаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Эрон, аз 4 млн 158 ҳазору 729 нафар сироятёфтагон 3 млн 539 ҳазору 36 нафар шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, тақрибан 6 ҳазору 462 нафар бемори COVID-19 дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳо дар ҳолати хеле вазнин қарор доранд.

Вазорат инчунин маълумот додааст, ки айни замон 12 млн 589 ҳазору 587 шаҳрвандони Эрон воя (доза)-и аввал ва 3 млн 72 ҳазору 371 нафар вояи дуюми ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.