Хабаргузории "Освоконеюс" бо такя ба як манбаи мувассақи худ дар Қатар хабар додааст, ки 17 вилояти сарҳадии Афғонистон ба гуруҳи Толибон супурда мешавад.
Бино ба гузориши ин хабаргузорӣ, бар пайи як тафоҳум дар нишасте, ки Қатар ҷараён дорад, вилояти сарҳадии Афғонистон ба гурӯҳи "Толибон" супурда мешавад ва бар пайи он отшбас ва пас аз он ҳукумати муваққат/интиқолӣ ташкил хоҳад шуд, ки заминае барои як интихобот фароҳам шавад.
Аммо манбаъ гуфтааст, ки эҳтимоли тағйир дар ин тафоҳум вуҷуд дорад.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки қарор аст имрӯз дар Давҳаи Қатар оташбаси 6-моҳа миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон бо талошҳо ва подармиёнии Амрико ба имзо бирасад.
Tolonews хабар медиҳад, ки сари ин тарҳ ҷонибҳо 95 дар сад тавофуқ кардаанд ва ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Қатар бо гуруҳи "Толибон" бар сари раиси ояндаи давлат гуфтугузор доранд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ се рӯз аст, ки дар Қатар қарор дорад ва пойтахти ин кишвар нишасти "Тройкои тавсеаёфта" бо ҳузури намояндаҳои Амрико, Русия, Чин, Покистон ва ҳайати ҳукумати Афғонистону гуруҳи Толибон идома дорад.
Аммо то кунун дар ин бора ҳукумати расмии Кобул ё Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон чизе нагуфтааст.
Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аз дирӯз изҳороти гуногуни мақомҳои хориҷӣ дар мавриди аз қудрат канор рафтани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон зиёд мешавад.
Дирӯз, Имрон Хон нахуствазири Покистон ба хабарнигорон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки то даме Ашраф Ғанӣ сари мансаби президенти Афғонистон аст, ҳаракати тундгарои “Толибон” бо ҳукумати ин кишвар ба гуфтушуниди мусолиматомез нахоҳад пардохт.
Шоми дирӯз, расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои Амрико дар тамосҳои телефонии ҷудогона аз Ашраф Ғанӣ хостаанд, ки канор биравад то "Толибон" бар сари мизи музокирот биншинанд.
Аммо Ғанӣ то кунун ба ин дархостҳо посух надодааст ва ҳоло мушаххас нест, ки дар ин тавофуқномаи оташбас мавзуъи аз ҳукумат канор рафтани Ғанӣ мушаххас шудааст ё не.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
\
منبع موثق از قطر به #آسواکانیوز
طی یک تفاهم در قطر 17 ولایت سرحدی به طالبان سپرده میشوند که به تعقیب آن آتش بس و بعد آن حکومت موقت/انتقالی ایجاد خواهد شد تا زمینه برای یک انتخابات فراهم شود. احتمال تغیر در این تفاهم وجود دارد
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста