Саҷҷод Нуристонӣ, корманди дастгоҳи ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ аз мақоми раёсатҷумҳурии Афғонистон истеъфо дод ва ба Тоҷикистон рафт.
Ба гуфти Нуристонӣ, ҳамроҳ бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ ба Тоҷикистон рафтанд.
Ба гуфтаи Нуристонӣ, Ғанӣ аввал ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафт, ки ҳоло маълум нест кадом кишвар аст.
Ҳоло таъйиди расмии ин хабар дар Тоҷикистон барои "Азия-Плюс" муяссар нашудааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, бо нашри як видео дар саҳфаи фейсбукаш фирори Ашраф Ғаниро таъйид кард ва аз ӯ ба унвони "раисҷумҳури собиқи Афғонистон" ном бурд.
Аммо Абдуллоҳ нагуфт, ки Ғанӣ ба кадом кишвар рафтааст, танҳо гуфт, ки "Худованд бо ҳамроҳаш муҳосиба (ҳисобу китоб) мекунад".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста