Жозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар умури хориҷа ва сиёсати амният гуфт, Толибон (созмони террористии фаъолияташ дар як қатор кишварҳо манъшуда) дар Афғонистон пирӯз шуданд ва аз ин рӯ, Иттиҳоди Аврупоро лозим меояд, ки бо онҳо ба муколама бипардозад.

“Моро лозим меояд, ки бо ҳукумати дар Кобул қарордошта ҳар кӣ бошанд ҳам, ба муколама бипардозем. Толибон дар ҷанг ғалаба карданд ва мо бояд бо онҳо гуфтушунид кунем", - гуфтааст ӯ дар нишасти матбуотӣ пас аз нишасти таъҷилии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, хабар медиҳад РБК.

Аз ҷумла, ИА бо Толибон бояд масоили марбут ба кӯчонидани шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ ва афғонҳоро аз кишвар, ки дар ҷараёни маъракаи низомии онҳо дар соли 2001 ба кишварҳои Ғарб кумак кардаанд, баррасӣ кунад.

"Ман ба Афғонистон як ҳайат мефиристам, то бо Толибон барои ҳалли масъалаҳои амалӣ гуфтушунид кунад", -  гуфтааст Боррел.

Дар посух ба ин суол, ки оё Толибон пас аз оғози маъракаи низомии Ғарб дар Афғонистон тағир ёфтаанд, Боррелл посух додааст, ки ӯ то ҳол дар ин бора хулосаи ниҳоӣ бароварда наметавонад.

"Онҳо (Толибон) мисли пешинаанд, аммо бо забони англисӣ беҳтар ҳарф мезананд", - иброз доштааст дипломат.

Ба ҷуз роҳандозии иртибот бо Толибон, Боррел боз аз ду ҳадафи дигари Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон ном бурдааст. Аввалаш - аз кишвар баровардани шаҳрвандони худ ва афғонҳои ба Ғарб кумаккарда, агар онҳо чунин хоҳиш дошта бошанд.

“Вазифаи аввали мо кӯчонидан ва фароҳам сохтани шароити амну бехатар барои шаҳрвандони аврупоӣ ва афғон, ки муддати 20 сол бо мо кор карданду мехоҳанд кишварро тарк кунанд, - гуфтааст ӯ. - Вазифаи дигар - роҳ надодан ба рӯйи кор омадани буҳрони нави муҳоҷират бар асари вазъ дар Афғонистон”.

Доир ба сабақҳои шикасти ҳукумати Афғонистон Боррел иқрор кардааст, ки давлатдориро аз берун бунёд кардан ғайриимкон буда, онро танҳо худи шаҳрвандони кишвари мушаххас сохта метавонанд.

Ба гуфтаи дипломат, ҳарчанд Ғарб тавонист “Ал-Қоида”-ро (созмони террористии фаъолияташ дар як қатор кишварҳо манъшуда) мағлуб кунад, аммо ба ИМА ва Иттиҳоди Аврупо муяссар нашуд, ки дар ин кишвар давлати муосир бунёд кунанд.

Боррел гуфтааст, аз он ҳайрон аст, ки Толибон бар артиши Афғонистон, ки барои таҳкими он вақту пули зиёде масраф шуд, чӣ гуна ба осонӣ тавонистанд дастболо шаванд.

“Бо вуҷуди ҳаҷми бесобиқаи восита ва дастгириву кумак ба ҳукумати Афғонистон, аз лиҳози бунёди давлатдорӣ ва таҳкими неруҳои низомӣ дар кишвар, аз ҳамаи ин натиҷаҳои ночизе ҳосил шуд, - эътироф намудааст дипломат. - Мо бояд ба хатогиҳои содиркардаамон иқрор шавем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.