Намояндаи толибон Муҳаммад Наим дар бораи нақшаҳояшон нисбати вилояти Панҷшер, ки ягона минтақаи берун аз назорати онҳо боқӣ мондааст, изҳори назар кард, хабар медиҳад Sputnik.

Вай ба расонаҳои Афғонистон гуфт, Панҷшер як мушкили печида нест ва роҳи ҳалли низомӣ надорад.

"Хостори онем, ки ин масъала бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шавад. Ягона орзуи мардум хотима додан ба ҷанг дар кишвари мо буд", - гуфтааст Наим.

Дараи Панҷшер
Сурат: Rough Guides

Муҳаммад Наим изҳор доштааст, ки онҳо талош хоҳанд кард, то масъалаи охирин вилояти беназорат бо роҳи осоишта ҳал шавад. Ӯ Бадахшону Балхро мисол овардааст, ки дар он тағйири қудрат бидуни талафот сурат гирифт.

Панҷшер ягона вилоят дар Афғонистон аст, ки ҳеҷ яке аз 7 ноҳияаш ба дасти Толибон нагузаштааст ва нирӯҳои зидди Толибон бо сарварии Аҳмад Масъуди хурдӣ, писари қаҳрамони миллии ин кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин ҷо мутамарказ шудаанд.

Аҳмад Масъуд, фарзанди яке аз фармондеҳони шинохтаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд пас аз як рӯзи аз ҷониби толибон тасарруф шудани Кобул ва парокандагии давлат, аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки ба мубориза зидди толибон сарҷамъ шаванд. Даъвати Аҳмад Масъуди хурдиро маҷаллаи «La Règle du Jeu» нашр кард.

“Ман ва ҳаммаслаконам ба додани хуни худ омодаем. Аз ҳамаи афғонҳои озодихоҳ, ки бандагиро намепазиранд, даъват мекунем, ки ба пойгоҳамон дар Панҷшер, охирин минтақаи озод дар сарзамини азиятдидаи мо бипайванданд”, - навишт Аҳмад Масъуд.

Ҳамзамон дар яке аз мусоҳибаҳои ахири худ Аҳмад Масъуди хурдӣ гуфт, ки агар Толибон воқеан оромии кишварро мехоҳанд, барои оштӣ бо онҳо омода аст.

"Шубҳае нест, ки сулҳ маънои паси сар мондани гузашта ва сохтани Афғонистони ягона аст", - иброз доштааст вай.

Сурат аз торнамои vkrizis.ru

Ӯ илова намудааст, ки барои ҳифзи идеалҳо ва амалӣ сохтани орзуҳои падараш, омода аст аз гирифтани қасди ӯ даст кашад.

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ, ки худро сарвари нави давлати Афғонистон эълон кард, толибонро аз ноҳияи Чарикар дар музофоти Парвон берун карданд. Парвон дар шимолии пойтахти Афғонистон воқеъ аст, хабар медиҳад РИА Новости.

Амруллоҳ Солеҳ
Сурат аз сомонаи hromadske.ua

Тибқи маълумоти чанде аз манбаъҳо, худи Солеҳ низ дар Панҷшер қарор дорад.

Ҳамчунин маълум шуд, ки 10 ҳазор хизматчиёни низомии артиши Афғонистон таҳти фармондеҳии генерал Абдул-Рашид Дӯстум низ ба ин ноҳия сафарбар мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.