Вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ҷабҳаи мубориза бо Толибон дар водии Панҷшер ташкил шудааст, ки ба он Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ ва Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд раҳбарӣ мекунанд.
Ба иттилои Тулуънюз, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе, 19 август гуфт: "Толибон тамоми Афғонистонро зери контрол надоранд. Аз водии Панҷшер гузоришҳое расиданд, ки аз ташаккул ва тамаркузи муқовимат зери роҳбарии муовини аввали президент ҷаноби Солеҳ ва Аҳмад Масъуд шаҳодат медиҳад".
Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, дар Вашингтон Пост мақолае нашр карда, аз Амрико хостааст, то ба ҷангҷӯёне, ки мехоҳанд бо Толибон муқовимат кунанд, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ диҳад.
Ӯ дар ин мақола навиштааст: "Муҳим нест, ки чӣ мешавад, мо аз Панҷшер ба унвони охирин сангари озодии Афғонистон дифоъ хоҳем кард".
Ӯ дар идомаи ин мақола навиштааст, ки омода аст роҳи падарашро идома диҳад ва ҳушдор дод, ки Афғонистон таҳти назорати Толибон ба як пойгоҳи "терроризми ифротии исломгаро" табдил меёбад ва Толибон на танҳо мушкили мардуми Афғонистон мешаванд, балки мушкили ҷаҳон хоҳанд шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста