Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон бо Аминулҳақ, секретари пешини Усома Бен Лодан, роҳбари собиқи гуруҳи террористии "Ал-Қоида" мулоқот кардааст. Ҳарчанд ҷузъиёти ин дидор маълум нест, ки чист, вале расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки ин дидор дар Кобул сурат гирифтааст.
Аз сӯйи дигар Гулбиддин Ҳикматёр дар як мусоҳиба бо хабаргузори "Анотолу"-и Туркия гуфтааст, ки бидуни ҳеҷ пешшарте давлати ояндаи Толибонро мепазирад.
"Барои муваффақияти Толибон бояд афроди бокифоят муаррифӣ шаванд",-гуфтааст Ҳикматёр.
Дар ин мусоҳиба ӯ гуфтааст, ки ба дунболи мақоме дар ҳукумати Толибон намегардад ва тамоюле ҳам надорад, ки дар он мушорикат кунад, аммо Ҳикматёр ба ҳимояти мутлақ аз давлати ояндаи Толибон сарфи назар аз шакли он тъкид кардааст.
Ҳикмтаёр ҳоло яке аз ҳамкорони "Толибон" дар Кобул аст ва гуфта мешавад, ки аз сӯйи ин гурӯҳ имоми намози ҷумъаи масҷиди Пули Хиштии Кобул таъин шудааст.
Чанд рӯз пеш ҳам Гулбиддин Ҳикмаёр ба изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо вазири хориҷаи Покистон дар Душанбе, посух дод.
Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Тоҷикистон хостори ҷойгоҳи шоистаи тоҷикони Афғонистон дар ҳукумати ояндаи ин кишвар мебошад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста