Толибон эълон кардаанд, ки то ду рӯзи дигар ҳукумати навашонро эълон мекунанд. Аммо ин гурӯҳ гуфтааст, ки дар ҳукумати нав аз мақомоти аршади ҳукумати собиқ касе ҳузур нахоҳад дошт.
Аббос Истонкзай муовини раиси дафтари сиёсии Толибон гуфтааст, ки кор барои ташкили ҳукумати ҷадид дар ҷараён аст ва онҳо бо гурӯҳҳои сиёсии мухолиф гуфтугӯҳое доштаанд.
Ӯ дар як мусоҳиба бо Мирвайс Ёсинӣ, хабарнигори BBC дар Давҳа гуфтааст, ки намояндагони онҳо бо Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури собиқ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ ва Гулбиддин Ҳикматёр раҳбари ҳизби исломии Афғонистон машвараҳое кардаанд.
Аммо Истонкзай гуфтааст, ки ин гуфтугӯҳо маънои онро надорад, ки ин афрод ҳатман дар ҳукумати оянда саҳм хоҳанд гирифт. Ӯ гуфтааст, ки ҳукумати ҷадид "афғоншумул" хоҳад буд.
Муовини дафтари сиёсии Толибон дар мавриди нақши занон гуфта, ки онҳо низ дар ҳукумати ҷадиди Толибон саҳм хоҳанд дошт ва метавонанд пас аз ташкили ҳукумат ба кори худ баргарданд. Аммо ӯ таъкид кардааст, ки мушаххасан наметавонанд бигӯяд занон вазифаҳое дар сатҳи болоро ишғол хоҳанд кард ё не.
Ӯ гуфта заноне, ки "ҳиҷоби исломӣ ва анъаноти афғонӣ"- ро риоят кунанд, дар ҷомеа, мактаб ва донишгоҳ бо ҳеҷ мушкиле рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
Доллар боло, вале рубл поин рафт. Таъсири ҷанг алайҳи Эрон ба қурби асъор дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста