Али Майсам Назарӣ, сухангӯйи Ҷабҳам муқовимати Паҷншер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, дар як мусоҳиба бо "BBC форсӣ" гуфтааст, ки "Толибон" ба ваъдаҳое, ки медиҳанд пойбанд нестанд ва онҳо ҳадафи сулҳро надоранду бештар ба дунболи ҷанг ҳастанд.
Дар ин мусоҳиба Назарӣ дар мавриди дар муҳосира будани Панҷшер мегӯяд, ки ин дарра дар гузаштаҳо ҳам дар муҳосира буд, аммо ҳамеша пирӯз шудааст.
"Панҷшер беш аз ду ҳафта аст, ки дар муҳосира аст. Аммо Панҷшер мисле, ки ҳамеша дар тӯли таърих нишон додааст, агар чи дар замонҳое дар муҳосира буда, аммо баранда шудааст. Ҳар касе, ки ба Панҷшер таҳоҷуму таҷовуз кардааст, ниҳоятан шикаст хӯрдааст",-гуфтааст сухангӯйи муқовимат.
Дар мавриди даргириҳои Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон, Назарӣ гуфтааст, ки ҷанг бештар аз 72 соат аст, ки идома дорад. аммо ба фазли Парвардигор, инҳо ҳар боре, ки хостанд бар сари Панҷшер ҳамла кунанд, ҳамлаашон рафъ шуд, ҳатто маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.

Дар ин мусоҳиба Майсам Назарӣ, ҷониби "Толибон"-ро ба ваъдахилофӣ ва аҳдшиканӣ муттаҳам мекунад ва мегӯяд, ки дар охирин музокирот созиш шуда буд, ки бар сари як дигар ҳамла намекунем, вале "Толибон" ваъда хилофӣ карданду ҳамла карданд.
"Мо то кунун тарафдори сулҳ ва музокира ҳастем, аммо дар ду ҳафтаи гузашта ҳеч иқдоми ҳусни нияте аз тарафи Толибон надидем. Мо ҳамеша ҳусни ният нишон додем ва ҳомии сулҳу поёни ҷанг будем. Аммо тарафи муқобил ба тамоми ваъдаҳое, ки доданд то ба ҳол вафо накарданд. Яке аз тавофуқоти ахир ин буд, ки бар сари якдигар ҳамла анҷом намедиҳанд. 72 соати ахир ва бархе амалкардҳои дигарашон нишон медиҳад, ки инҳо нияти сулҳро надоранд ва мехоҳанд тамоми мардуми Афғонистон тобеъи як гурӯҳи кӯчак бошад",-гуфтааст Назарӣ.
Сухангӯйи Ҷабҳаи Аҳмади Масъуд бори дигар таъкид кардааст, ки ин ҷабҳа пойбанд ба гуфтаҳое, ки пештар дошт, яъне ташкили як ҳукумати фарогире, ки қудрат миёни ҳама ақвоми Афғонистон одилона тақсим шавад.
Ба назари ин масъули ҷабҳа Афғонистон як кишвари таркибёфта аз аққалияти миллист ва ҳеч қавме аксарият нест. Ба ин хотир як гурӯҳи сиёсӣ наметавонад қудратро дар ихтиёр бигирад.
Назарӣ гуфтааст, ки "мардуми Панҷшер ва ҳама мардуми Афғонистон дар тӯли таърих нишон додаанд, ки ҳеч вақт ба ситамгарон сар хам намекунанд. Мо бар инем, ки ҳар касе чунин ривоятеро дорад, ки мо бояд ҳоким бошему ғолиб бошему дигарҳо тобеи мо бошад, на мегӯйем".
Бояд гуфт, ки дирӯз Абдураҳмони Муттақӣ, раиси Комиссияи даъват ва иршоди исломии "Толибон" дар як навори садоӣ мегуфт, ки музокирот бо Панҷшер натиҷа надод ва акнун неруҳои ин гурӯҳ ба муҳосираи Панҷшер пардохтаанд.
Дар ин навор ҳамчунин ин масъули "Толибон" аз мардуми Панҷшер хоста буд, ки ба ин гуруҳ бипайвандад ва нагузоранд, ки раҳбаронашон қаламравт Панҷшерро ба ҷанг бикашанд.
Аммо Назарӣ мегӯяд, ки хости "Толибон" ин буд, ки як ду нафарро ба ҳукумат аз Панҷшер ҷалб кунанду вале худашон тасмигиранда бошанд.
"Он чи Толибон мехоҳанд ин аст, ки онҳо дар қудрат бошанду дигарон тобеъяшон ва тасмигиранда худашон бошанд. Ин як ҳукумати ҳамашумулу фарогир нест ва мо инро қабул надорем".
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста