Толибон ҳукумати худро дар Кобул бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ эълон карданд. Бар асоси эъломия Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаи 55-сола роҳбари олии Толибон эълон шуд. Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнуд сарпарасти ҳукумати Толибон ё сарпарасти Раёсати вузаро таъин шудааст.
Мулло Ҳасан Охунд дар ҳукумати қаблии Толибон (1996) вазири умури хориҷӣ буд.
Аз таркиби ҳукумати "Толибон" дида мешавад, ки он тавре пештар иддао мешуд ҳамашумл ва фарогир нест, танҳо аз нафарони калидии худи толибон шакл гирифтааст.
Мулло Ғанӣ Бародар ва Мавлави Абдусалом Ҳанафӣ муовинонии Мулло Ҳасан Охунд таъин шудааанд.
Толибон вазорати кор бо занонро аз кобинаи ҳукумати Афғонистон лағв кардаанд. Бар асоси эъломияи "Толибон" вазирони дигари кобинаи онҳо ба таври зер аст.
Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид (писари Мулло Умар, бунёдгузори ҳаракати Толибон), сарпарасти вазорати дифоъ;
Мулло Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохила;
Амирхони Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷа;
Мулло Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ, сарпарасти вазорати молия;
Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти вазорати маориф;
Мулло Харйллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти вазорати фарҳанг ва иттилоот;
Қорӣ Дин Ҳаниф, сарпарасти вазорати иқтисод;
Мавлавӣ Нурмуҳаммад Соқиб, сарпарасти вазорати Ҳаққ ва авқоф;
Мавлавӣ Абдулҳаким Шаръӣ, сарпарасти вазорати адлия;
Мулло Нуруллоҳ Нурӣ, сарпарасти вазорати сарҳадот ва қабоил;
Мулло Муҳаммадюнус Охундзода, сарпарасти вазорати вазорати инкишофи дещот;
Шайх Мущаммад Холид, сарпарасти вазорати даъват ва иршод, амри бил маъруф ва наҳи аз мункар;
Мулло Абдулманон Умарӣ, сарпарасти вазорати фавоиди омма;
Мулло Муҳаммад Исо Охунд, сарпарасти вазорати петролиум ва маъодин;
Мулло Абдуллатиф Мансур, сарпарасти вазорати обу барқ:
Мулло Ҳамидуллоҳ Охундзода, сарпарасти вазорати ҳавонавардӣ ва тронспурт;
Мавлавӣ Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати таҳсилоти олӣ;
Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати мухобирот;
Ҳаоҷӣ Халилраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати муҳоҷирин;
Мулло Абдулҳақ Васиқ, сарпарасти раёсати умумии истихборот;
Ҳоҷӣ Муҳаммад Идрис, сарпарасти Бонки миллии Афғонистон;
Мавлавӣ Аҳмадҷон Аҳмадӣ, сарпарасти идораи умур;
Мулло Муҳаммад Фозил Мазлум, муовини вазири дифоъ;
Қорӣ Фасеҳуддин, Луидристез кишвар-сардори Ситоди артиши Афғонистон;
ШерМуҳаммад Абос Истоникзай, муовини вазири умури хориҷӣ;
Мавлавӣ Нурҷалол, муовини вазири дохила;
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳангу иттиоот;
Мулло Тоҷ Мир Ҷавод, муовини нахусти раёсати умумии истихборот;
Мулло Раҳматуллоҳ Наҷиб, муовини идории раёсати умумии истихборот;
Мулло Абдулҳақ Охунд, муовини вазори дохила дар бахши мубориза бо маводи мухаддир;




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста