Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар мусоҳибаи навбатӣ бо “Азия-Плюс” вазъ дар Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер, тамос бо Аҳмад Масъуд, тақдири таъсиси Шӯрои олии муқовимат, омадани Бисмиллоҳхон ба Душанбе, сабаби напайвастани Моршол Дустум ва Ато Муҳаммади Нур ба Ҷабҳаи муқовимат ва имкони баргузории муколамаи “Толибон” (Мамнуъ дар Тоҷикистон) ва тоҷикон дар Душанберо шарҳ дод.
Панҷшер пурра дар иҳотаи Ҷабҳаи муқовимат аст
Ҷаноби сафир, дар бораи вазъи Панҷшер ва роҳбарони Ҷабҳаи муқовимат гапу гузорҳо зиёд аст. Лутфан бигӯед, ки вазъ дар Панҷшер чӣ гуна аст ва Ҷабҳаи муқовимат чанд фисади дараро дар итоати худ дорад?
- Феълан вазъият дар Ҷабҳаи муқовимати милии Панҷшер хуб аст, муқовимат ҷараён дорад. Ҳамаи Панҷшер дар иҳотаи муқовиматгароён аст. Бо гузашти замон мардумони сулҳхоҳи Афғонистон, бахусус дараи Панҷшер, ки ҳеҷ вақт таслим нашудаанд ва низоми толибониро эътироф накардаанд, пирӯз меоянд.
Ҳамчунин муқовиматгарон дар Беҳсут, Қандаҳор Пактё ва дигар вилоёти Афғонистон вуҷуд доранд. Ин ҳаракатҳо ба шакли густурда оғоз мешавад ва мо ба наздикӣ шоҳиди Шӯрои олии муқовиматгарони Афғонистон мешавем, ки маташаккил аз роҳбарони сиёсӣ ва ҷиҳодии кишвар иборат мебошад.
Ангеза дар вуҷуди тамоми мардуми Афғонистон ҳаст. Дар диёри муҳоҷират ҳам аксарияти мардуми мо, сар карда аз тоҷику паштун то ӯзбеку ҳазора ба як садо низоми толибониро маҳкум ва таҳрим мекунанд. Аз ҳар вақти гузашта имрӯз мардуми Афғонистон муттаҳидтар шуданд ва чеҳраҳои воқеии “Толибон”- ро шинохтанд. Донистанд, ки онҳо ба дасти дигарон омадаанд то Афғонистонро табоҳ кунанд.
Расонаҳо чандин бор аз омадани Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмад Масъуд ба Душанбе хабар доданд. Инро Шумо дар нишасти матбуотии охиратон рад кардед. Воқеан, бори охир бо Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмад Масъуд кай суҳбат доштед, онҳо дар куҷо ҳастанд ва чӣ мегӯянд?
- Ман давомдор бо Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмади Масъуд дар тамос ҳастам, онҳо дар ҷабҳа қарор доранд. Ба ғайр аз онҳо, дар дохили Ҷабҳаи муқовимат чеҳраҳо ва шахсиятҳое ҳастанд, ки он қадар номашон дар матбуот нест, вале дар сангари истодаву набард мекунанд.
Ҳадафи аслии Ҷабҳаи муқовимат чӣ аст?
- Ҳадафу нақшаҳои ояндаи ҷабҳа возеҳ аст. Мо як низоме мехоҳем, ки дар он ҳарф аз адолат, инсоният, бошад, ҷомеае, ки дар онҷо ҳаққи зану мард мусовӣ ва муттаҳидона тавонанд кор кунанд, бар асоси интихоб ва орои мардум ба вуҷуд биёяд, ҳар кас дар асоси истеъдод ва тавонмандии фикрии худ ҷойгоҳ пайдо кунад, ба номи ақалияту аксарият номе вуҷуд надошта бошад, балки он касе, ки мехоҳад дар сарзамини худ кор мекунад, чунин имкониятро дошта бошад. Афғонистон дар зоташ як сарзамини касратгаро аст. Банобар ин, талоши ҳамаи мо дар ин аст, ки аз фарҳанг, забон маданият ва ҷуғрофиёи Афғонистон дифоъ кунем.
Шӯрои муқовимат таъсис мешавад
Шумо дар бораи Шӯрои бузурги муқовимат суҳбат кардед, пештар гуфта будед Моршол Дустум шомил хоҳад шуд. Воқеан, тақдири он Шӯро чӣ шуд ва киҳо ба он шомил мешаванд?
- Аз он мусоҳибаи ман вақти зиёд нагузаштааст. Вақте Толибон ба зудӣ як ба як ҳамаи вилоятҳоро ва билохира Кобулро тасарруф карданд, роҳбарон ва чеҳраҳои сиёсӣ огоҳӣ надоштанд. Бояд масъулин, сиёсатмадорон ва мардуми Афғонистон аз хонаводаҳои худ мутамаин шаванд. Баъд ин шӯро ташкил мешавад ва вазъи Афғонстон ба ин шакле намемонад, ки Толибон ҳарчӣ дилашон бихоҳад анҷом диҳанд. Таваққуи мо аз созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аст, ки “Толибон” -ро ба расмият нашиносанд ва дар идома мардуми кишвар муборизаи худро ба танҳоӣ анҷом медиҳанд.
Дар таъсиси Шӯро шахсиятҳо ва афрод он қадар муҳим нест. Оғӯши муқовимати Афғонистон боз аст ва касоне, ки дар озодии Афғонистон дар солҳои пешин саҳим буданд, ҳамагӣ дар ин шӯро метавонанд ҳузур дошта бошанд.
Таъсиси Шӯрои олии муқовимат дар Афғонистон чандин бор такрор шудааст ва ин бор ҳам дар ҳоли такрор шудан аст. Бовар дорам, ки шахсиётҳои мухталифи таъсиргузори Афғонистон, ки аксарияташон овора шуданд, дуввумбора ҷамъ мешаванд ва ба муборизаи худ идома медиҳанд.
Дустум ва Ато ба Ҷабҳаи муқовимат мепайванданд
Ба фикри Шумо чаро Моршол Дустум ва Ато Муҳаммади Нур ба Ҷабҳаи муқовимати милӣ напайвастанд?
- Ато Муҳаммади Нур ва Моршол Дустум пеш аз тасарруфи Кобул бо Ашраф Ғанӣ мулоқот доштанд ва омодагии худро барои оғози муқовимат изҳор доштанд. Онҳо дар Мазори шариф хостанд дар дифоъ бар зидди “Толибон” мардумро сафарбар намоянд, вале Ашраф Ғанӣ ба ваъдаҳои худ вафо накард. Ба ҳамин тартиб, роҳбарии Қулли урду (сарфармондеҳ) бисёр ба соддагӣ таслим шуд ва Дустуму Ато ногузир шуданд, ки ақиб нишинанд. Бовар дорам, ҳарду шахсият дар таҳаввулоти низомӣ ва сиёсии Афғонистон нақши асосии худро доранд ва ба зудӣ дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳузур пайдо мекунанд.
- Ба фикри Шумо то сохтани Шӯро вақту фурсат аз даст намеравад?
- Ҷанг ба ин маъно нест, ки дар майдони ҷанг ҳузур доштӣ, ҷанг карда метавонӣ, агар аз майдон ақиб рафтӣ, ҳама чизро аз даст хоҳӣ дод. Толибон танҳо шаҳрҳоро гирифтанд, вале дар аксарияти вилоятҳои Афғонистон нерӯҳои мусаллаҳи зиддитолибонӣ вуҷуд дорад.
Роҳбарони сиёсӣ бо мардум ва нерӯҳои худ ба шакли мустақим ва ғайримустақим дар иртибот ҳастанд. Технология имрӯз ҷаҳонро хело кучак сохтааст, онҳо метавонанд, ки барномаву нақшаҳои худро аз онҷо ҳам тартиб кунанд. Чунки бо як саросемагӣ аксарият ақиб шишт, хонаву кошонаи худро раҳо кард. Зарурат аст, ки асаби ҳама ором шавад, баъд аз як инфиҷоми бузург аксарияти соҳаҳоти Афғонистон дубора озод карда шавад.
Расонаҳо хабар медиҳанд, ки Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои собиқ ва аз чеҳраҳои матраҳи 20 соли ахир дар Афғонистон ба Тоҷикистон омадааст. Оё ин дуруст аст ва метавонед гӯед, ки ҳадафи сафари ӯ чист?
- Мо то ба ҳол қайд накардем, ки кӣ ба Тоҷикистон меояд ва меравад. Ҳар касе ба ин кишвар меояд мегӯем, хуш омадед ва мутобиқ ба қавонони Тоҷикистон ҳаркат кунед. Аз ин рӯ, дар чанд вақти охир чанде аз шахсиятҳои таъсиргузори Афғонистион ба ин кишвар омаданд, вале дақиқан дар бораи онҳо, махсусан Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ хабар надорам ва бо эшон вохӯрие ҳам надоштам.
“Толибон” ба музокирот розӣ намешаванд
Назари Шумо дар мавриди муколамаи “Толибон ва тоҷикон”, ки шояд дар Душанбе баргузор шавад, чист? Оё роҳбарияти “Толибон” ва Ҷабҳаи муқовимат ба гуфтушунид моил ҳастанду розӣ мешаванд? Ояндаи муколамаро чӣ гуна мебинед?
- “Толибон” эътиқод ба музокира надоранд ва аҳли гуфтушунид нестанд. Музокираи Давҳаро дидем, ки натиҷааш манфӣ буд. Ду соли музокира бо Амрико, ки эълони ҷанги онҳо барои ҳузури хориҷиҳо буд, мо шоҳид будем. Онҳо бо хориҷӣ музокира мекарданд, вале бародарҳои худро инфиҷор медоданд. Стратегияи “Толибон” ба дасти худашон нест, ки тасаввур ин бошад, ки ин ҷанги Афғонистон аст ва афғонҳо биёянд ҳамроҳи толибҳо гап зананд. Толибҳо дар фикри дигаре аст, дунё набояд фиреби онҳоро бихӯрад. Толибҳо ҳокимияти бештареро орзу доранд. Онҳо роҳбарии худро “Амиралмуъминин”- и дунё мегӯянд. “Толибон” гуруҳҳои “Алқоида”, “ДОИШ” ва тамоми нерӯҳои ҷинояткори байналмиалиро дар Кобул ҷой додаанд, ки ин як хатари кулли ба дунё ва минатқа аст.
Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Имрон Хонро истиқбол мекунем ва орзумандем, ки “Толибон” ба мизи музокира бишинанд. Вале бовар дорам, ин гурӯҳ нишастан ба сари мизи музокиротро бо Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер қабул намекунанд, чунки стратегиияи онҳо ҷанг аст.
Ҳукумати фарогир ба ин маъно нест, ки як ду нафар тоҷику узбек ва ҳазоруву пушту дар ҳукумат бошанд. Ҷанг ва кашмакаш имрӯз сари чизи дигар аст, на сари ақвом дар ҳукумат. Аслан ҳамин низоми толибонӣ қобили қабул нест. Вақте эҳтиром ва эътиқод ба ақоиди мардум сурат нагирад, ба ҳеҷ ваҷҳ дар он низом мардуми Афғонистон ҷойгоҳ пайдо намекунанд.
Курсии “Толибон” дар СММ ба маънои шинохти терроризм аст
Чанде пеш “Толибон” бо ирсоли як нома аз Созмони миллали муттаҳид хостанд, ки собиқ намояндаи Афғонистон аз ин созмонро барканор карда ба ҷои ӯ намояндаи “Толибон”-ро таъйин кунанд. Ба фикри Шумо оё СММ намояндаи онҳоро тасдиқ мекунад?
- “Толибон” - ро дар листи сиёҳ мардуми Афғонистон дохил насохтаанд, балки СММ онҳоро дар рӯйхати сиёҳ ҷой додааст. Агар “Толибон” ба расмият шинохта мешаванд ва курсии онҳо дар СММ ҷой пайдо мекунад, ин ба ин маъност, ки ин созмон терроризмро ба расмият мешиносад. Ҳамин тариқ, ҳар кишваре ки имрӯз “Толибон” - ро ба расмият мешиносад, яъне терроризмро ба расмият шинохтааст.
Дар замоне, ки “Толибон” тавонистанд қасрҳо ва шаҳрҳои Кобулро ишғол ва ваҳшат бикунанд, то имрӯз ҳеҷ кишваре ҳозир нашудааст, ки онҳоро ба расмият бишиносад. Ҳатто кишвари Покистон, ки ҳомии аслии Толибон аст, дар ин росто фикр мекунем гуфт. Руссия гуфт, агар Толибон ба ваъдаҳои худ иқдом накунанду гомҳои мусбат нагузоранд, мо ҳаргиз онҳоро ба расмият намешиносем. Ба ин тартиб кишварҳои дигаре ҳам, ки чароғи сабз ба “Толибон” нишон дода буданд, то ба ҳол ҳозир нашуданд, ки онҳоро ба расмият бишиносанд. Дар ин росто зарур аст ҷомеаи байналмилалӣ ба як хулоса ояд.
Шумо ба ояндаи ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон чӣ назар доред?
- Ҳоло ин муҳим нест, ки “Толибон” омаданд, тамоми Афғонистонро тасхир карданду дар вилоятҳо ҳоким шуданд. “Толибон” дирӯз мардумони ғайримасъул буданд. Яъне сирқат, роҳгирӣ, инфиҷор ва интиҳор мекарданд, вале ҷавобдеҳ як ҳукумате буд, ки дар қиболи мардум масъулият дошт.
Ҳоло ба истилоҳ ҳукумате, ки аз тарафи “Толибон” муаррифӣ шудааст, онро ҳукумат гуфта наметавонем. Онҳо ба зан, хонавода, таҳсилкарда, кӯдак, матбуот, ҷомеаи маданӣ ва ба инжинеру доктор эҳтиром надоранд. Эҳтироми онҳо ба чанд нафар муллое аст, ки динро худашон тафсир мекунанд ва ҳарчӣ ки дилашон хост, аз дин месозанд. Бинобар ин, “Толибон” ба масъулияти бузурге гирифтор ҳастанд. Он масъулиятест, ки бонкҳо имрӯз дар Кобул баста, занҳо ҳаққи корро надоранд, донишгоҳҳо ҳама таътил аст.
“Толибон” ба зури фишору туфанг ҳукумат мекунанд, ба ҷавон мегӯянд ришат кам аст, ба духтар мегӯяд маҳрамат (рӯймолат) куҷост, мусофират, тиҷорат вуҷуд надорад. Бинобар ин, Афғонистон барои мардуми он ба як зиндони воқеӣ табдил ёфтааст. Бидуни он, ки ҳаракати мусаллаҳонае дар баробари Толибон сурат бигирад, ки мегирад, Толибон бо фишори мардум низом ва ба ном ҳукуматашон суқут мекунад.
Шумо шахсан дар робита ба вазъи Афғонистон бо Эмомалӣ Раҳмон вохурдед?
- Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон возеҳ ва мавқеи Тоҷикистон дар қиболи “Толибон” муайян аст. Ҳамин кифоят мекунад, ки президенти Тоҷикистон дар баромадҳои дохиливу байналмилалӣ аз ҳаққи мардуми Афғонистон дифоъ кунад.
Тоҷикистон имкони таъмини гурезагони афғонро надорад. СММ бояд кӯмак кунад
Мақомоти тоҷик дар бораи сохтмони қароргоҳҳои махсус барои паноҳандагони афғон хабар медиҳанд. Метавонед бигӯед, ки шумораи умумии гурезагони афғон ҳоло дар Тоҷикистон чӣ қадар аст?
- Дар бораи шумораи тахминии гурезагон чизе гуфта наметавонем. Чунки як теъоди гурезагон меоянд ва аз инҷо ба дигар кишварҳо мераванд.
Ҷомеаи байналмилалӣ мутобиқ ба қавонони байналмилалӣ дар қисмати муҳоҷирин ва гурезагон масъулият дорад. Ман орзумандам, ки имконоти иқтисодӣ барои Тоҷикистон аз тарафи СММ мусоид шавад, то онҳо тавонанд гурезагонро ҳимоят карда тавонанд. Дар акси ҳол, Тоҷикистон дорои тавони иқтисодии қабули гурезагони Афғонистонро надорад.
Худи Шумо оё бо мақомоти Тоҷикистон дар мавриди қабули муҳоҷирон суҳбат доштед ва онҳо дар бораи имкони қабули чӣ қадар гуреза суҳбат мекунанд?
- Яке масъалаи қабул кардан аст, яке масъалаи ҳузур пайдо кардан ва ҷобаҷо кардан аст. То ҷое, ки имкон дорад, давлати Тоҷикистон оғӯши боз дошт ва муҳоҷирони мо аз ҳамон имконоте бархурдоранд, ки як тоҷик бархурдор аст. Ҳамин кифоякунанда аст.
Чанде пеш хабар расид, ки ягона мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шудааст. Шумо ба унвони сафири Афғонистон аз вазъи ин мактаб огоҳед, оё сафорат имкони кӯмак ба онҳоро дорад?
- Мардуми Афғонистон ва масъулини ин кишвар дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки ҳастанд ҳамдигарро кӯмак мекунанд ва мактабе, ки дар Тоҷикистон бо номи Сомонӣ вуҷуд дорад, ҳеҷ беимконот намемонад ва ба ҳар қиммате набошад, авлавият медиҳем, ки онҷо фарзандони Афғонистон дарс хонанд. Мо кӯшиш мекунем барои онҳо заминаи дарс хонданро дар ин кишвар мусоид созем.
Парчами серанги Афғонистон
Аз омадани Толибон ба Афғонистон беш аз як моҳ гузашт. Мусаллам аст, ки то омадани “Толибон” дахлу харҷи сафоратро ҳукумати пешини Афғонистон ба уҳда дошт. Ҳоло ки он ҳукумат нест, сафорат аз чӣ ҳисобе таъмини молӣ мешавад?
- Касоне, ки дар баробари терроризм ва аҷнабиҳо дар сангарҳои доғи набард меҷанганд, ба хотири маош, мақом ва пул ин корро намекунанд, балки онҳо ба хотири адолати иҷтимоӣ, ақоиди худ ва як сарзамини озод меҷанганд.
Ҳамкорони мо низ, ки ин ҷо кор мекунанд, агар дирӯз 1000 доллар маош мегирифтанд, ҳозир омода ҳастанд, ки бо 100 доллар кор кунанд. Ҳатто омода ҳастем, ки довталабона кор кунем.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон сафорат мулкияти шахсии давлати Афғонистон аст ва мо нисбат ба дигар намояндагон хазинаи камтари зарурат дорем.
Бо сафирони Афғонистон дар дигар давлатҳо ҳам дар тамос ҳастед? Оё онҳо ҳам дар дигар давлатҳо мисли Шумо дар сафоратхонаҳо мустақаранд?
- Парчами серанги Афғонистон ҳам дар Созмони Миллати Муттаҳид ва ҳам дар соири намояндагиҳои сиёсии Афғонистон дар эътизос аст. Дар ҳеҷ аз ин намояндагиҳои сиёсии кишвар то ҳол байрақи “Толибон” овезон нест. Ин ба он маъно аст, ки тамоми намояндагиҳои сиёсии Афғонистон бо ҳукумати мутаарриз, мутааассиб ва мутааҷҷири “Толибон” мувофиқ нестанд ва онро қабул надоранд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста