Бархе аз мақомдорони ҳукумати пешини Ашраф Ғанӣ, шурӯъи фаъолияти дубораи ҳукумати пешини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хабар доданд. Эъломияи онҳо дар саҳифаи твитери “Afghanistan in Geneva” нашр шудааст.
Дар эъломия гуфта мешавад, ки ҳукумат аз ҷониби раҳбарон ва шахсиятҳои сиёсии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дубора ба фаъолият оғоз мекунад. Таъкид мешавад, ки онҳо пас аз ишғоли кишвар тавассути уммоли бегона бо дарки масъулияти таърихӣ, баъд аз машвара ва ройзанӣ бо бузургон, сиёсиёсатмадорон ва қишри мухталифи ҷомеаи иборат аз занону мардон ба як қатор тасомим даст ёфтааст.
Ҳимоят аз Муқовимати милии Панҷшер
Онҳо аз муқовамати миллӣ ҳимоят карда, аз тамоми мардуми Афғонистон тақозо кардаанд дар сурати бунбасти музокироти сулҳ ба Ҷабҳаи муқовимат бипайванданд ва то озодии комили кишвар ба муборизоти худ идома диҳанд.
“Агар “Толибон” ба хости мардуми Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ барои сулҳи пойдор, риояти ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мубориза бо терроризм посухи мусбат надиҳанд, давлати ҶИА бо иродаи комил ва ваҳдати миллӣ ба ҳимояти худ аз муқовимати миллии мардуми Афғонистон идома хоҳад дод”, - омадааст дар эъломия.
Раисҷумҳури Афғонистон – Амируллоҳ Солеҳ
Ба навиштаи эъломия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бар пояи интихобот ва орои мардум ташкил гардидааст ва ҳеҷ низому ҳокимияти дигаре наметавонад бар хилофи моддаҳои Қонуни Асосӣ ҷойгузини низоми мавҷуда гардад.
“Бо берун шудани раисҷумҳур аз кишвар ва дурӣ гузидан аз сиёсату идораи кишвар, мутобиқ ба сароҳати Қонуни Асосӣ ило баргузории интихобот, муовини аввали раёсатҷумҳурӣ ба ҳайси сарпарасти давлат ифои вазифа намуда, умури марбутро ба пеш хоҳад бурд. Дар сурате ки муовини аввал омодаи пешбурди умур набошад, ба тартиб муовини дувум, раиси Сано ва вазири хориҷа ба ҳайси сарпараст муаррифӣ хоҳанд шуд”,- гуфта мешавад дар баёния.
Қаблан Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон эълон карда буд, ки тибқи моддаҳои 60 ва 67-и Қонуни Асосии Афғонистон, дар ҳоли фирори раисҷумҳур ӯ сарпарасти раёсатҷумҳурии кишвар аст.
Даъват аз ҷомеаи ҷаҳонӣ: Толибонро эътироф накунед!
Дар эъломия ҳамчунин, аз Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амнияти он, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тақозо мешавад, ки бар ҳомиёни гурӯҳи “Толибон” барои поёни ишғоли ғайриқонунии ин гурӯҳ фишор оваранд, то аз тариқи гуфтугӯҳои созанда ва содиқона бо ҷониби ҶИА заминаи сулҳу суботи доимӣ дар кишвар фароҳам гардад.
“Давлати ҶИА ва Шӯрои олии давлат ба риояти Қонуни Асосӣ, муоҳидот, мисоқҳо ва тамоми конвенсиюнҳои байналмилалӣ, ки Афғонистон ба он мулҳақ гардида, побанд буда, таҳти парчами серанги кишвар аз тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Афғонистон зери чатри ҶИА дифоъ менамояд. Давлати ҶИА аз тамоми кишварҳои дӯст тақозо менамояд, то муровидоти худро мисли собиқ бо ҶИА ҳифз намуда ва аз ҳар гуна машруият бахшидан ба гурӯҳи “Толибон”, ки ба гунаи ниёбатӣ, хушунатбор, золимона ва ғайримашруъ сарзамини Афғонистонро ишғол намудаанд, худдорӣ намоянд”,- гуфта мешавад дар баёния.
Ба кишвар бармегардем
Дар идомаи баёния омадааст, ки аркони сегона (иҷроия, қонунгузор ва суд)-и ҶИА дубора инсиҷом ёфта, ҷаласоти марбутро доир намуда, тасомими лозимро иттихоз менамояд ва омодагии баргашт ба кишварро хоҳанд гирифт. Онҳо гуфтаанд, ки дар зудтарин фурсат як Шӯрои олии давлат бо иштироки бузургон ва сиёсатмадрони Афғонистон ташкил мегардад, то умури мамлакатро дар ҳамоҳангӣ бо аъзои ҳукумат ва парлумон истиқомат диҳад.
“Давлати ҶИА ба талошҳои худ барои дастёбӣ ба як роҳҳали сиёсии ҷомеъ, ки мунҷар ба поёни чанд даҳаи ҷанг ва таъмини сулҳи пойдор, одилона ва иззатманд шавад, ба унвони як авлавияти фаврии миллӣ идома хоҳад дод. Раванди сулҳ, ки аз сӯи “Толибон” нотамом гузошта шуда, бояд аз сар гирифта шавад, то ба як сулҳи доимӣ, ки бар мабнои он низоми мунтахаби мабнӣ бар иродаи миллат, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мушорикати миллӣ шакл гирад, даст ёбем. Дар сурате, ки “Толибон” ҳозир ба прусаи сулҳ набошанд, ҷомеаи байнулмилалӣ фишори лозимро бар “Толибон” ворид намоянд ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз он ҳимоят мекунад”,- қайд гардидааст дар эъломия.
Макон ва маҳалли фаъолияти ҳукумат маълум нест
Раҳбарии ҶИА аз тамоми аъзои аршади ҳукумат ва Шӯрои миллӣ тақозо кардааст, то даври ҳам ҷамъ шуда, фаъолиятҳои идорӣ ва сиёсии худро аз сар гиранд. Мувофиқи иттилои эъломия, макон ва маҳалли фаъолияти ҳукумат ва Шӯрои миллӣ ба зудӣ аз тариқ Шӯрои олии давлат ва меҳвари муқовамат эълом мегардад.
Ҳамзамон ба неруҳои амниятӣ ва дифоии кишвар, ки умдатан дар ҳоли бесарнавиштӣ ба сар мебаранд, гуфта шудааст, ки ба зудӣ фаро хонда мешаванд ва ба тамоми мушкилоташон расидагии лозим сурат хоҳад гирифт.
Ҳамчунин аз намояндагиҳои сиёсӣ ва консулгариҳои ҶИА хоста шудааст, ки умуроти кории хешро дар ҷиҳати пешбурди манофеи миллии кишвар ва истеҳкоми ҳарчи бештари равобити кишвар бо ҷомиаи байнулмилалӣ мисли собиқ ба пеш баранд.
“Сармояҳои миллӣ ва шахсии мардум, ки ба яғмо рафтааст, мавриди арзёбӣ қарор гирифта ва ба ҳамкории ҷомеаи байнулмилалӣ ба баргардонидани онҳо иқдомоти лозим сурат хоҳад гирифт”, - гуфта шудааст дар ин санад.
Дар идомаи ин санад раҳбарии ҶИА эълом доштаанд, ки бо ташкил ва ҳифзи иҷмои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ Афғонистонро ба конуни ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бар асоси манофеи муштарак ва чандҷониба мубаддал сохта ва намегузорад, ин кишвар як бори дигар ба майдони рақобатҳо ва ҷангҳои ниёбатӣ мубаддал гардад.
“ҶИА зимни сипосгузорӣ аз мавзеъгирии воҳиди аъзои доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои минтақа алайҳи ишғоли гурӯҳи ниёбатӣ, муҷаддадан хоҳони фишори бештар болои “Толибон” ва ҳомиёни минтақаии ин гурӯҳ мебошад, то заминаи сулҳу суботи доимӣ дар кишвар мусоид гардад”,- омадааст дар баёния.
Рӯзи 15 август “Толибон” Афғонистонро тасарруф кардаанд ва раисҷумҳури он Ашраф Ғанӣ ба хориҷи кишвар фирор кард. Баъди ин нахсутвазири Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ эълон кард, ки бар асоси Қонуни Асоӣ ӯ ваифаи президенгтиро иҷро мекунад. Ҳоло ягона минтақае ки то ба ҳол зери тасарруфи Толибон нест, дараи Панҷшер аст. Дар онҷо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд - ташкил шудааст ва бар зидди “Толибон” муқовимат идома дорад.
Баъди суқути Кобул ва парешон шудани аъзои ҳукумати пешин ин аввалин баёнияи раҳбарони қаблии ҳукумати Афғонистон мебошад. Дар бораи макони қабули эъломия ва нафарони калидии он хабар дода намешавад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста