Дар пайи ҳамла ва ду инфиҷор ба бемористони Сардор Муҳаммад Довудхон дар Кобул 15 тан куштаву 34 нафар захмӣ шудааст. Рӯзномаи "8 субҳ" бо такя ба хабаргузории Ройтерз хабар додааст, ки манобеи амниятии ҳукумати сарпарасти "Толибон" гуфтаанд, ки инфиҷорҳо ва даргириҳои то кунун ба таври пароканда идома доранд.
Хабари теъдоди куштаву захмишудаҳоро манобеи амниятии толибон ба Ройтерз таъйид кардаанд.
Бемористони "Эмирҷинси"-и Кобул ҳам гуфтааст, ки то кунун 9 тан аз захмиёни ин даргириҳо ба ин макон интиқол дода шудаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки қурбониёну захмиёни ин инфиҷорҳо аз шумули ҳамлакунандагону неруҳои толибонанд ё аз шумори кормандону беморони бемористон.
Ба навиштаи манбаъ, ин инфиҷорҳо нисфирӯзи сешанбеи 2-юми ноябр рух додаанд.
Манбаъ менависад, "гуфта шудааст, ки ҳамлакунандагон аъзои гуруҳи ДИИШ будаанд, ки пас аз аз анҷоми ду ҳамлаи интиҳорӣ дар атрофи беморхона, бо неруҳои толибон даргир шудаанд".
Аммо гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон то кунун масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Шумори ҳамлакунандагонро 13 нафар гуфтаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон
Ҳунарҳои устоҳои Истаравшан, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайрат овард
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста