Рӯзи 10 ноябр дар Ҳиндустон вохӯрии намояндагони воломақоми хадамоти амнияти миллии якчанд кишвар оид ба Афғонистон ба нақша гирифта шудааст.
Сафири Ҳиндустон дар Русия Бала Венкатеш Варма пеш аз анҷоми маъмурияташ дар ин кишвар зимни мусоҳиба ба хабаргузории ТАСС дар ин хусус изҳори назар кардааст.
“Машваратҳо (оид ба Афғонистон) дар сатҳҳои гуногун гузаронида мешаванд. Чанде пеш вохӯрӣ бо формати Маскав доир гардида, дар сатҳи мушовирон оид ба амнияти миллӣ музокирот ҷараён дорад. Моҳи сентябр сафари генерал Патрушев ба Ҳиндустон сурат гирифт. Пас аз ин ба гумони ғолиб, вохӯрии намояндагони воломақоми хадамоти амнияти миллии кишварҳои минтақа, ки рӯзи 10 ноябр дар Ҳиндустон пешбинӣ шудааст, баргузор мешавад”, - гуфтааст ӯ.

Ӯ зикр кардааст, ки Ҳиндустон ба масъалаи таъсири вазъияти Афғонистон ба минтақа дар маҷмӯъ таваҷҷуҳи хосса дорад.
“Дар вохӯрӣ намояндагони 6 кишвари минтақа - Ҳиндустон, Покистон, Чин, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд”, - иброз доштааст сафир.
Ҳамзамон дар шарҳи натоиҷи мулоқоти Афғонистон дар формати Маскав, вай онро “...саҳми арзандаи Русия - гирдоварии ҳама ҷонибҳо барои таваҷҷуҳ ба бӯҳрони афзояндаи башардӯстона дар Афғонистон ва ҳамчунин мушкилоти терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва таъсир ба амният дар Осиёи Марказӣ» номидааст.
«Аммо дар мавриди эътирофи Толибон, фикр мекунам, ки дар ин бора сӯҳбат кардан ҳанӯз барвақт аст, зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бобати хусусияти ҳукумате, ки мумкин аст ташкил шавад ва ё мехоҳад Афғонистонро зери назорат гирад, нигарониҳо ҷой доранд, - зикр кардааст сафир. - Дар ҳошияи вохӯрии формати Маскав ҳайати Ҳиндустон бо ҳайати толибон вохӯрда, мо назари худ ва онҳо дидгоҳи худро баён карданд. Ин муколамаро идома медиҳем. Ҳеҷ кадоме аз тарафҳо ягон қарор қабул накардааст. Ба фикрам, мо мусоидати башардӯстона мекунем, зеро вазъи башардӯстона бад буда, Ҳиндустон ҳамеша ба некӯаҳволии мардуми афғон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад”.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти Аслиддин Достиев, рӯзноманигори тоҷик дар синни 64-солагӣ
Омодагӣ ба ваксиназанӣ ё хуруҷи дигарбораи “COVID-19”? Табибон боз хона ба хона мегарданд
“Толибон” гуфтанд баста шудани мактабҳои духтарона ба мушкилоти барномаи таълимӣ рабт дорад
Аз 5 ҳазор то 6,5 ҳазор сомонӣ. Билетҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия боз гарон шуданд
Ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Батуми
Cтафилококки ошпазҳо ба заҳролудшавии 22 нафар дар Исфара боис гардид
Дар Чемпионати CAFA футболбозони тоҷик мунтахаби Қирғизистонро ҳам мағлуб карданд
Оғози парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Маскав
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз шуд
Сокинони Тоҷикистонро минбаъд аз қатъи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста