Ҳавопаймои Раёсати умури паноҳандагони СММ (UNHCR) бо кумаки башардӯстона ба Кобул фуруд омад, хабар дода мешавад дар торнамои Созмон.
Ҳавопаймо соати 15:30 бо вақти маҳаллӣ бо 33 тонна маҷмӯи чизҳои гарм барои афғонҳои ба дигар ҷойҳо кӯчида ба Кобул фуруд омад.
"Ҳавопаймои аввал ба муҳоҷирони маҷбурӣ дар дохили кишвар 33 тонна маҷмӯи чизу лавозимот, аз ҷумла фарш, оташдон, бухорӣ ва ғайра , ки барои гарм кардани хонаҳояшон дар фасли зимистон пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ин аввалин парвози ҳавопаймоҳо бо кумаки башардӯстона буда, боз чунин ду парвози дигар рӯзҳои 4 ва 7 ноябр сурат мегиранд.
“Барои расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи дар ҳоли афзоиш қарордошта мо аз роҳҳои заминиву баҳрӣ ва ҳавоӣ, инчунин кишварҳои дигари минтақа истифода мекунем. Ғайр аз ин, захираҳои кумаки башардӯстона дар Тирмиз (Ӯзбекистон) ҷойгир шуда, дар сурати зарурат бо авитомашинащои боркаш ба Афғонистон интиқол дода мешаванд”, - изҳор доштаанд дар СММ.
Қаблан The Wall Street Journal, The Washington Post ва Bloomberg бо истинод ба манбаъҳо хабар дода буданд, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон дар нимаи моҳи август, амалиёт бо тамоми захираҳои пулии Бонки марказии Афғонистон дар хориҷа қатъ шуд, то ки дастрасии толибон ба ин маблағҳо ғайриимкон гардад.
Ғайр аз ин, дар Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО)-и назди СММ ба он ишора карда буданд, ки бар асари хушксоли ва камҳосилии имсола зиёда аз 14 млн нафар афғонҳо ба камбуди шадиди маводи ғизоӣ дучор гардида, таъҷилан ба кумаки башардӯстона ниёз доранд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста