Гузоришгари вижаи СММ Мэри Лолор изҳор доштааст, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Афғонистон дар фазои тарсу ҳарос зиндагӣ дошта, онҳоро бидуни мурофиаи додгоҳӣ ва  тафтишот дастгиру лату кӯб мекунанд ва ҳатто мекушанд.

Ӯ таъкид доштааст, ки ин ҷо дар бораи “таҳидҳои комилан воқеӣ” сухан меравад  ва дар ин зимн аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки ба ин масъала дахолат кунанд.

"Ҳомиёни ҳуқуқ ба ман дар бораи таҳдидҳои мустақим алайҳи онҳо, аз ҷумла таҳдидҳои гендерӣ нисбати занон, латукӯб, ҳабс, ногаҳон ғайб задан ва куштори ҳомиёни ҳуқуқи башар нақл мекунанд", - гуфтааст Лолор.

Ба гуфтаи вай, коршиносоне, ки ҷиноятҳои ҳарбиро ҳуҷҷатгузорӣ мекарданд, инчунин адвокатҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва муҳофизони намояндагони соҳаи фарҳанг бештар ба хатар осебпазиранд. Шахсоне, ки дар соҳаҳои феълан манъшуда, масалан театр кор мекарданд, инчунин намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мавриди таъқиби доимӣ қарор гирифтаанд.

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ ба коршиноси СММ гуфтаанд, ки аз тарси муайян шудани шахсияту соҳаи фаъолияташон аз ҷониби толибон, маҷбур шудаанд, ки асару эҷод ва ҳама маълумот дар бораи худро дар ҳама платформаҳои интернетӣ хориҷ кунанд. Яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башарро Толибон бо осори захмҳои аз пешин мондааш шинохтаанд.

Ба гуфтаи гузоришгари махсус, Толибон бо мақсади дарёфти ному насаб, суроға ва тамосҳо ба дафтарҳои созмонҳои ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ рейдҳо анҷом медиҳанд.

"Бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқи башари қаблан муқими деҳот ба шаҳрҳо кӯч бастаанд, зеро он ҷо пинҳону ноаён зиндагӣ кардан осонтар аст, вале ҳатто дар он ҷо низ маҷбур мешаванд, ки пайваста ҷои зисти худро иваз кунанд", - гуфтааст коршиноси СММ.

Мэри Лолор даъват намудааст, ки ҳомиёни ҳуқуқи башари афғон таъҷилан дастгирӣ шаванд, аз ҷумла барои кӯчбандии афроди осебпазир ба хатари бештар ҳамроҳ бо оиллашон нақшаи фаврӣ таҳия шавад. Дар байни онҳо фаъолоне ҳастанд, ки тайи 20 сол дар кори мубориза барои риояи ҳуқуқи башар дар кишвар саҳми босазо гузоштаанд, вале имрӯз худашон бе ягон кумак мондаанд.

Ҳангоми таҳияи гузориши худ, Мэри Лолор шаҳодати тақрибан 100 ҳомиёни ҳуқуқи башарро ҷамъоварӣ кардааст. Як зан аз ғарби Афғонистон ба ӯ гуфтааст, ки Толибон ҳар рӯз 5-10 нафарро боздошт мекунанд. Бисёриҳо пинҳон мешаванд ва метарсанд, ки шахсияташон ошкор шавад.

“Аъзои оила ҳатто ҷасадҳоро аз кӯча намегиранд. Онҳо метарсанд”, - иброз доштааст Лолор.

Яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башар ба коршинос итминон додааст, ки вай омода аст барои нигоҳ доштани муваффақиятҳои дар 20 соли охир ба даст овардааш мубориза барад, аммо наметавонад аз хона баромада, ба дафтари кории худ равад. Ба гуфтаи вай, ба афроде мисли ӯ тамғаи "агенти хориҷӣ" дода шудааст.

Як ҳомии дигари ҳуқуқи башар гуфтааст, ахиран 38 ҳазор маҳбус аз зиндон раҳо шуда, бархе аз онҳо барои гирифтани қасос аз касоне, ки бо масоили таъмини адолат ва волоияти қонун сару кор доштанд, хоҳанд рафт. Яке аз модарон гуфтааст, ки Толибон дар пеши назараш кӯдаки 12-солаи ӯро мавриди шиканҷаи тоқатнопазир қарор додаанд.

"Вай фикр мекард, ки мо ҳоло ҳам метавонем аз ҳуқуқи фарзандони онҳо дифоъ кунем, аммо ба ӯ маълум набуд, ки ман дигар қудрат ва тавони дифоъ аз ӯ ва писарашро дар кишвараш надорам...", - гуфтааст гузоришгар.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.