Сафари Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Эрон бо паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон барои раҳбарони пешини ҷиҳодиву сиёсии Афғонистон ва сару садои мулоқоташ бо Оятуллоҳ Хоманаӣ бо як изҳороти дигари “Толибон” иттифоқ афтод. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи “Толибон” ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки онҳо дар ҷустуҷӯйи робитаи нек бо Тоҷикистон ҳастанд.
Ин ду иттифоқи ҳафтаи гузашта, пурсишеро ба бор овардааст, ки оё Эрону Тоҷикистон муштаракан аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ё Аҳмад Масъуд ҳимоят мекунанд ва ё Тоҷикистон дар ин ҳимоят танҳо мемонанд? Дар маҷмуъ ояндаи равобити Тоҷикистон бо Толибон чӣ мешавад? Ин ҳам дар пасманзари он ҳама таҳдидҳои расмиву ошкору пинҳони Толибон. “Азия-Плюс” ин суолҳоро аз коршиноси тоҷики масоили Афғонистон Амири Замон ва коршиноси Афғонистони муқими Аврупо Эҳсони Шамол пурсид.
Тоҷикистон ин ҷо Масъуди хурдиро ҳамаҷониба ҳимоят карда истодааст. Дар Эрон, бидуни шубҳа, лоббиҳо ва гуруҳҳои бонуфузе ҳастанд, ки идеяи ҳимоят аз Аҳмади Масъудро матраҳ мекунанд. Ҳатто ин гуруҳҳо ба муваффақияти мушаххасе ҳам ноил шаванд, ман фикр мекунам Эрон аз Масъуд ҳимояти ошкоро намекунад,- мегӯяд Амири Замон.
Ба назари Замон, пуштибониҳо ғайрирасмӣ сурат мегиранд, шояд ба василаи Тоҷикистон: “Эрон барои пуштибонии “Толибон” сармояҳои зиёде масраф кард ва эҳтимол Теҳрон мунтазири рӯёнидани фоида аз ин ҳама масрафот аст. Агар Эрон ҳимояти ошкоро кунад, метавонад тамоми нуфузаш болои толибон ва Аф-онистонро аз даст бидиҳад”, мегӯяд Амири Замон.
Ҳарчанд ин коршинос ба муваффақиятҳои Ҷабҳаи муқовимат чандон хушбин нест ва мегӯяд, ки ояндаи он норавшан аст, зеро толибон бар Афғонситон тасаллути комил ёфтанд, аммо аз сӯйе омилҳои дигареро ҳам истисноъ намедонад.
“Агар буҳрони иқтисодиву молиявии Афғонистон дарозтар давом кунад, эҳтимол қишри норозӣ бештар шавад. Дар ин сурат, ҳама чиз аз он вобаста аст, ки муқовимат ин фурсатҳоро чӣ гуна истифода мекунад”,-мегӯяд ин афғонистоншиноси тоҷик.
Бино ба суханрониҳои нарми Хоманаӣ, Эрон дар талош аст, ки ба вайрон шудани равобит бо толибон роҳ надиҳад. Ҳарчанд ҳамлаҳое ба Эрон мушоҳида мешавад, аз ҷумла аз сӯйи Ҳикматёр, ки ахиран Эронро барои интиқоли ҷангҷӯёни ДИИШ ба Афғонистон муттаҳам кард.
Аммо ин коршинос мегӯяд, ки Тоҷикистон ба ин наздикиҳо ҳеч майле барои беҳсозии равобиташ бо Толибон нишон намедиҳад:
“Ҳоло Тоҷикистон ҳеч қадаме барои истиқболи изҳороти ахири Толибон дар мавриди беҳ сохтани равобит намегузорад. Аммо равобити иқтисодӣ ҳифз мешавад, аз ҷумла фурӯши барқ ба ин кишвар. Ман фикр мекунам, Душанбе таваққуф мекунаду дигар ҳукумати “Толибон”-ро интиқод намекунад”.
Эҳсони Шамол мегӯяд, ки овозаи мулоқоти Аҳмад Масъуд бо Хоманаӣ дар сатҳи як овоза боқӣ монд ва мақомоти масъули эронӣ ба шиддат баргузор шудани онро рад мекунанд. Агар ин дидор сурат мегирифт, имкон дошт, ки мо дар бораи таҳаввулоте, ки пас аз он сурат мегирифт, бо бовартар суҳбат кунем.
Ба назари Шамол, имкони муттаҳид шудани Эрону Тоҷикистон дар бахши ҳимоят аз Аҳмади Масъуд хеле кам аст, зеро Эрон дар қазияҳои минтақаӣ ҳамеша ба сифати як бозигари мустақил амал мекунад.
“Шояд Эрону Тоҷикистон ба таври ҷудогона ба шеваҳои гуногуне аз Масъуди писар ҳимоят кунанд, аммо муштаракан имкон надорад. Зеро Эрон бо Толибон равобиту ҳамкориҳое дар сатҳҳои гуногун дорад ва ба сифати як қудрати минтақавӣ борҳо намояндаҳои воломақоми Толибонро даъват кардаву фурсатҳоеро барои баҳсу баррасиҳо фароҳам кардааст”,- мегӯяд Шамол.
Аммо Шамол мегӯяд, ки ҳимоятҳои Тоҷикистон аз ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон ва мардуми дигар дар Афғонистон мантиқӣ аст, зеро яке аз мавзуъҳои асосӣ дар баҳси минбаъдаи сулҳ дар Афғонистон баҳси бартариҷӯйи қавмӣ ва таъмини адолати қавӣ аст.
“Зоҳиран Тоҷикистон ҳам он чиро мегӯяд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мегӯяд – ташкили як ҳукумати фарогир бо ҳузури ҳамаи қавмҳои Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон. Ҳимояти Тоҷикистон аз тоҷикони Афғонистон ба маънои таҳрик додани онҳо бар ҷанг алайҳи толибон нест, балки истифода аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои талаф нашудани ҳаққи яке аз қавмҳои бузурги ин ҷуғрофиё аст”.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста