Файзуллоҳ Ҷалол, устоди риштаи улуми сиёсӣ ва равобити байналмилали донишгоҳи Кобул, дар як баҳс дар шабакаи телевизиони "Тулуънеюс" Наим Вардак, сухангӯйи "Толибон" дар Қатарро "гӯсола" хитоб кард ва такроран гуфт, ки ӯ як "одами аҷибу ғариб ва мутлақ гӯсола аст". Суханони Ҷалол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёде ба бор оварда ва мавриди истиқболи бесобиқае қарор гирифтааст.
Ин баҳс дар барномаи "Фарохабар"-и шабакаи "Тулуънеюс" шоми якшанбеи рӯзи 21-уми ноябр, бар пайи он ороста шуд, ки чанд рӯз пеш, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон Тумос Васт дар як твитташ гуфта буд, ки "Толибон" бар хилофи мувофиқатномае, ки дар Давҳаи Қатар бо ИМА ба имзо расонида буданд, қудратро бо зӯр гирифтанд.
Намояндаи Толибон дар ин баҳс ғасби Кобулро ба зӯр рад кард ва гуфт онҳо аз "як роҳи маъқул, мантиқӣ ва машрӯъ ба қудрат расиданд".
Файзуллоҳ Ҷалол амалкардҳои ҳукумати Толибонро дар ин баҳс ба чолиш кашида, гуфт Амрико бо ҳамин тафаккур, назариёт ва қавораҳое, ки толибон доранд, канор омаданӣ нест.
"Толибон фикр мекунанд, ки мо ақли куллем, ки нестанд, сад фисад мустақилем, мустақил ҳам нестанд. Гапҳои катта-катта заданд, мамлакатро табоҳ карданд. Ин рақам корҳо хуб нест. Мо дар дохили Афғонистон ҳастем, ҳақиқатро медонем".
Ҷалол дар хитоб ба Наим Вардак гуфт, ки ӯ дар кадом қуллаи низомии Покистон буда, аммо ман тамоми чизро ба чашмонам дидаам ва гаперо, ки мезанам дидаам.
"Мо бояд дуруст ҳарф бизанем. Бо куштану бо бастану бо нобуд кардану бо террору зӯргӯйӣ коре намешавад. Ин мамлакат мамлакати тамоми мардуми Афғонистон аст, мамлакати як қавму як гурӯҳу як синф нест. Мамлакати чор нафар нест".
Ин устоди Донишгоҳи Кобул дар ин барнома гуфт, ки Толибон манофеи мардуми Афғонистонро намедонад ва таърифи ноқис аз манофеи миллӣ доранд.
"Ман мутаасифам аз вазъе, ки ҳоло дар Кобул вуҷуд дорад, мардум нони хӯрдани худро надоранд. Амният нест, мардум гапи худро задан наметавонанд. Аз назари қавмӣ мардум табоҳ ҳастанд. Мардуме, ки муроҷиат мекунанд, дар идораҳо ва вазоратхонаҳо онҳоро намефаҳманд (яъне мансабдорони паштун забони қавмҳои дигари Афғонистонро намедонанд - АП). Мардум дар ҳоли фарор ҳастанд. Инҳо бояд аз худ интиқод кунанд, худро ислоҳ кунанд, зӯргӯйӣ накунанд, ки мардуми Афғонистон зинда ҳастанд".
Файзуллоҳ Ҷалол гуфт, ки Ашраф Ғанӣ инҳоро бо хиёнате, ки кард, бар асоси руҳияи қавмӣ ва паштунволӣ инҳоро оварду дар Арг нишонд.
Сухангӯйи Толибон аз ин интиқодҳои башиддати Файзуллоҳ Ҷалол нохуш шуд ва гуфт, ки "ҳар касе, ки ҳарф мезанад, бояд дар ҳолати нурмол (нормальный) бошад, ки на ба худ душман бизоя ва на ба дигарон душном бидиҳад".
Ин суханони Наим Вардан ба Файзуллоo Ҷалол асар кард, ки ӯро "гӯсола" ва "мутлақ гӯсола" хонд.
Баҳси Файзуллоҳ Ҷалол дар ин барнома бо сухангӯйи толибон истиқболи густардаеро ба бор овард ва навори ин баҳсро ҳазорҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру бознашр кардаанд ва бархе чеҳраҳои сиёсиву фарҳангии Афғонистон онро тафсиру тамҷид кардаанд.
Файзуллоҳ Ҷалол, профессори улуми сиёсӣ ва равобити байналмилали Донишгоҳи Кобул аст, ки рисолаи доктории худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳқиқ ва дифоъ кардааст. Ҷалол, ки бо баҳсҳои тезу тунд ва ҳирфаии худ дар сатҳи Афғонистон хеле шинохташуда аст, зодаи Дарвози Бадахшони Афғонистон аст.
Шакли комили ин баҳсро аз ин ҷо метавонед бибинед:
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Бастрикин эътироф кард, ки 20 ҳазор муҳоҷири шаҳрвандии Русияро гирифта ба ҷанг фиристода шудаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 2
Серверҳои бузург ва нахи оптикӣ. Барои беҳтар намудани сифати Интернет чӣ корҳо анҷом дода мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2025
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста