Ҳолатҳои маргумири кӯдакон, ки аз норасоии ғизо азият мекашанд ва шумори кӯдаконе, ки бо сабаби камғизоӣ ба бемористонҳои Кобул меоранд, босуръат зиёд мешавад, менависад “Фергана” бо истинод ба ВАО-и Афғонистон.
Намояндагони беморхонаи кӯдакони ба номи Индира Ганди изҳор доштаанд, ки шумори кӯдакони бемор, ки аз камхӯрокӣ азият мекашанд, ахиран 50% афзудааст.
“Ахиран шумори беморон зиёд шуд, ки ин ба кори мо таъсир мерасонад, зеро шумори беморон хеле зиёд буда, инчнуин сатҳи маргумир байни кӯдакон боло рафт”, - гуфтааст табиб Фарид-Аҳмад Андишманд.
Зубайда, модари як кӯдаке, ки аз камхӯрокӣ азият мекашад, гуфтааст, пас аз сари ҳокимият омадани гурӯҳи тундгарои “Толибон” ҳамсараш бекор мондааст.
«Кӯдаки ман нуҳ рӯз пеш дар беморхона бистарӣ шуда буд. Мо аз лиҳози иқтисодӣ имкон надорем, ки фарзандонамонро хуб ғизо диҳем. Ман аз боқимонда фарзандонам нигаронам, ки онҳо низ бемор шаванд”, - гуфтааст вай.
Тавре шабакаи телевизионии Ariana News хабар медиҳад, дар наврасони бистаришуда бо сабаби истеъмоли нокофии хӯрок, рангпаридаӣ, заифӣ ва камқувватӣ, мушкилоти нафаскашӣ ва варамҳо ба назар мерасанд, ки дар натиҷаи норасоии ҷиддии маводи зарурии ғизоӣ барои ҷисми дар ҳоли афзоиш қарордошта пайдо мешаванд.
Ба гуфтаи табибон, аксари кӯдаконе, ки барои табобат бистарӣ шудаанд, аз деҳоти Афғонистон ба Кобул меоянд, аммо бо фарорасии фасли зимистон ва боридани барф дар пойтахт, табобат гирифтани кӯдакони вилоятҳо ва дарёфти кумакҳои зарурии тиббӣ мушкилтар мешавад.
Рӯзи 12 ноябр Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор намуд, ки то охири соли ҷорӣ дар Афғонистон бар асари камбуди шадиди ғизо дастикам 1 млн кӯдак метавонанд бимиранд. Илова бар ин, тибқи арзёбии ин созмон, то охири сол боз 3,2 млн кӯдаки то 5-сола бар асари норасоии ғизо метавонанд ба азияту беморӣ гирифтор шаванд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.