Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд, раис ё амиралмуъминини ҳукумати Толибон дар як фармони хос, ҳуқуқи занҳо дар Афғонистонро мушаххас кардааст. Ба иддаои масъулини толибон ин фармон, 3-юми декабри соли 2021 содир шудааст.
Дар ин фармон, ки бо хитоб ба ҳама масъулини аморати исломӣ, уламо ва бузургони қавмӣ дар Афғонистон содир шудааст, дастур дода мешавад, ки барои таъмини ҳуқуқи занон иқдомоти ҷиддӣ кунанд.
Бар асоси фармони раиси толибон, "ризояти духтарони болиғ дар аснои никоҳ зарурӣ аст". Раиси толибон гуфтааст, ки ҳеч касе бо ҷабр наметавонад занро барои никоҳ маҷбур кунад.
Дар банди дувуми ин фармон гуфта мешавад, ки "зан мол нест, балки инсони асил ва озод аст ва ҳеч касе онро дар балаи сулҳ дода наметавонад".
Дар ин фармон дар бораи ҳуқуқи занҳо барои таҳсил, кор ва дигари умури иҷтимоӣ чизе гуфта намешавад.
Банди сеи ин фармон дар мавриди ҳуқуқи зан пас аз мурдани шавҳараш аст, ки акнун тибқи ин фармони толибон, пас аз вафоти шавҳар ва гузаштани давраи шаръӣ (чаҳор моҳу 10 рӯз) зани бевамондаро на бародари шавҳараш ба никоҳ дароварда метавонад ва на каси дигаре. Толибон дар ин маврид, зани бевамондаро барои таъини сарнавишт ва никоҳи худ, соҳибихтиёр эълон кардаанд.
Ҳамчунин дар банди дигари ин фармон гуфта мешавад, ки гирифтани маҳр аз шавҳари нав ҳаққи зани бевамонда аст.
Толибон занро дар моли шавҳари вафоткардааш, фарзандон, падару ақрабои дигараш дорои ҳаққи мерос ва саҳми собит донистаанд ва гуфтаанд, ки ҳеч касе ӯро аз ин ҳақаш маҳрум карда наметавонад.
Ҳар касе, ки чанд зан доранд, мукаллаф аст ҳуқуқи ҳамаи ҳанҳоро мутобиқи ҳукми шаръӣ бидиҳад ва дар байнашон адл қоим бошад, аммо дар ин фармон гуфта нашудааст, ки дар аморати исломии толибон як мард то чанд зан метавонад бигирад.
Дар ин фармон ба сатрамаҳкама ё додгоҳҳо дастур шудааст, ки арзу шикоёти занон, аз ҷумла ҳуқуқи занони бевамонда ва зулм бар онҳоро ба таври усулӣ баррасӣ кунанд ва дар ин гуна мавридҳо ғафлат накунанд.
Пештар аз ин Вазорати ҳаҷҷу авқофи ҳукумати сарпарасти "Толибон" дастурҳое содир карда буд, ки занҳо дар Афғонистон чӣ гуна либос метавонанд бипӯшанд ва пӯшидани чӣ либосе манъ аст.
"Занони мусалмон набояд ба гунае либос бипӯшанд, ки барҷастагиҳои баданашон қобили ташхис бошад. Либоси зани мусалмон нозук ҳам набояд бошад, ки баданашон намоён шавад",-омада буд дар дастури ин вазорат.
Ин фармони толибон дар ҳолест, ки баъди ба қудрат расидани ин гурӯҳ дар Кобул, нигарониҳо ҳам дар сатҳи Афғонистон ва ҳам дар сатҳи ҷаҳон аз он аст, ки занҳо аз ҳаққи таҳсил маҳрум шудаанд ва толибон то кунун дидгоҳашонро дар бораи ҳақи таҳсили занон мушаххас накардаанд.
Сарфи назар аз қавонини сахтгиронаи толибон занҳо дар сар то сари Афғонистон борҳо даст ба эътироз задаанд ва аз толибон мехоҳанд, ки ҳуқуқҳои онҳоро барои таҳсил, кор ва дигар бахшҳо таъмин кунанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста