Нашрияи бонуфузи “Financial Times” Сутуда Фурӯтан, як духтари 15-солаи Афғонистонро шомили рӯйхати 25 зани таъсиргузори ҷаҳон дар соли 2021 кардааст.
Сутуда Фурӯтан пас аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон ва дар пайи баста шудани мактабҳо ба рӯйи духтарон, ба яке аз муборизини ҳуқуқи занҳову духтарҳо дар ин кишвар табдил шуд. Навори яке аз суханрониҳои ӯ вокуниши густардае дар Афғонистон пайдо кард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарафдорони зиёде пайдо кард.
Дар моҳи сентябр, ӯ дар як суханронияш дар маросими “Ҳафтаи шаҳид” ва ифтихори рӯзаи таваллуди ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳузури мақомҳои толибон аз баста шудани мактабҳо барои духтарон интиқод кард ва гуфт, ки “занону духтарон ҳамеша ниме аз пайкари ҷомеа будаанд ва агар ин қишре аз ҷомеа набошанд, пас ниме аз ҷомеа ҳам ноқис аст”.
“Financial Times” ҳам барои ҳамин суханронӣ ва талошҳояш барои дарёфти ҳаққи таҳсили духтарон дар низоми сахту сангини толибон ӯро шомили феҳрасти занҳои таъсиргузори ҷаҳон дар соли 2021 кардааст.
Суханронии таъсиргузори Сутуда Фурӯтан
Малола Юсуфзай, баранди ҷоизаи сулҳи Нобел барои нашрияи “Financial Times” навиштааст, ки “ӯ алайҳи амалкардҳои толибон эътироз кард ва аз онҳо талаб кард, ки рафтани духтаронро ба мактаб иҷоза диҳанд. Ҷасорат ва тавоноии ӯ толибонро дар Ҳирот водор кард, ки то ба духтарон иҷоза диҳанд, ки ба мактаб баргарданд”.
Худи Сутуда дар суҳбати ахираш бо нашрияи “Иттилооти рӯз”-и чопи Кобул гуфтааст, ки таҳаввулоти ахире, ки дар Афғонистон омад, ӯро маҷбур кардааст, ки садои дохоҳии духтарон барои дарёфти ҳаққи таҳсил бошанд.
“Ман тасмим гирифтам, ки садо баланд бикунам ва дарди занонро фарёд бизанам. Билохира як касе бояд садо баланд мекард”.
Ҳоло Сутуду Фурӯтан аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, ки занони Афғонистонро дар ростои дастрасӣ ба ҳаққи омӯзиш ва кор дар зери султаи толибон танҳо нагузоранд.
Дар феҳристи имсолаи “Financial Times” Нгози Оконҷо-Ивеала, раиси Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Лино Хон, раиси Комиссиюни федоролии тиҷорати ИМА, Мерри Бара раис ва мудири кулли General Motors, Гита Гопинатх, иқтисоддони аршади Сандуқи байналмилалии пул ва чеҳраҳои дигар шомил шудаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста