Дафтари сарбозраси вижаи Амрико барои Афғонистон (SIGAR) номи раҳбарон ва аъзои кобинаи ҳукумати сарпарасти Толибонро, ки дар рӯйхати таҳримҳои ИМА қарор доранд нашр кардааст.

Ба гузориши нашрияи “Иттилооти рӯз”-и Афғонистон дар садри ин гузориш номи Мулло Ҳасан Охунд нахуствазир ё раисулвузарои ҳукумати толибон қарор дорад.

Ба дунболи нахуствазир ду муовини ӯ – Мулло Ғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ низ дар рӯйхати таҳримҳои ИМА қарор доштаанд.

Дафтари сарбозраси ИМА барои Афғонистон гуфтааст, ки ин афрод барои амалҳои ҷинояткорона таҳти таҳрими Амрико қарор гирифтаанд.

Вазири хориҷаи ҳукумати толибон Амирхони Муттақӣ, ки ҳоло дар Давҳаи Қатар бо сафири вижаи ИМА барои сулҳи Афғонистон Тумос Васт дар мавриди ояндаи равобити кишварҳояшон музокира мекунанд, низ таҳти таҳримҳои Амрико қарор доштааст.


Ҳамчунин дар ин рӯйхати таҳримҳо Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахсутвазири толибон, Муҳаммадфозил Мазлум муовини вазорати дифоъ, Нуруддин Туробӣ, сарпарасти идораи зиндонҳо, Сироҷиддин Ҳаққонӣ вазири корҳои дохилии толибон низ шомил шудаанд.

SIGAR ҳамчунин гуфтааст, ки Муҳаммад Иброҳим Садр, муовини амниятии вазири дохилаи толибон, Абдулҳақ Восиқ сарпарасти Идораи истихбороти ҳукумати толибон низ таҳти таҳримҳои ИМА қарор доранд.

То кунун вокуниши толибон ба ин рӯйхати Сарбозраси вижаи ИМА барои Афғонистон маълум нест, аммо чанде пештар толибон нисбат ба қарор додани номи мақомоти ин гурӯҳ дар рӯйхати сиёҳи Амрико ҳушдор дода буданд.

Толибон дар як баёния эълон карда буданд, ки мавқеи ахири Пентагон, ки бархе аз аъзои кобинаи аморати исломӣ бо аъзои хонаводаи шабакаи Ҳаққонӣ дар листи симёҳи Амрико қарор доранд, нақзи ошкорои  тавофуқномаи Давҳа буда, ки на ба нафъи ИМА асту на ба фоидаи Афғонистон.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.