Раҳбарияти ҳаракати тундгарои “Толибон” ба вазирони ҳукумат, инчунин дигар шахсони мансабдор вохӯриро бо дипломатҳои хориҷӣ бе мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ манъ кард. Тавре хабаргузории Фергана менависад, рӯзи 13 декабр дар саҳифаи “Амороти исломии Афғонистон” дар Twitter дар ин хусус хабари марбута нашр шуд.
“Нахуствазири Амороти исломии Афғонистон (мулло Муҳаммад-Ҳасан Охунд) як амр содир намуд, ки мувофиқи он ба вазирон ва мансабдорони аморат вохӯрӣ бо дипломатҳо ва сафирони давлатҳо бидуни мувофиқа бо департаменти масъули расмиёти ташрифотӣ (протокол)-и Вазорати корҳои хориҷӣ манъ шудааст”, - омадааст дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, нусхаи асл ё матни амр оварда нашудааст.
Пас аз се ҳафта баъди тасарруфи ҳокимият дар Кобул толибон 7 сентябр ҳайати ҳукумати худро эълон карданд. Ба ҳайати он 33 нафар шомил шуданд.
Баъдан онҳо мансабҳои вазирӣ ва вазифаҳои ба он баробарро таъсис доданд. Аз ҷумла афроде, ки барои фаъолияти террористӣ аз ҷониби дигар давлатҳо ҷустуҷӯ мешаванду ба рӯйхатҳои таҳримотии СММ шомиланд, мансабдорони воломақоми ҳукумати Толибон шуданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.