Дар Укроин раисҷумҳури пешин Пётр Порошенкоро ба хиёнат ба давлат ва мусоидат ба терроризм гумонбар донистаанд. Алайҳи ӯ бо гумони хариди ангишт аз ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс парванда боз кардаанд.

Дар ин бора расонаҳои укроинӣ ва русӣ хабар додаанд. Gazeta.ru бо нақли қавл аз сардори раёсати тафтишотии Хадамоти амнияти Укроин Анатолий Бунич навиштааст, ки Порошенко дар мақоми раёсатҷумҳури аз салоҳиятҳои худ истифода карда, барои қатъи шартномаи воридоти ангишсанг аз Ҷумҳурии Африқои Марказӣ дастур додааст ва бо талаби Русия барои бастани шартномаи ворид кардани ангишт аз манотиқи рӯ ба Русия -  Донбасс мусоидат кардааст.

Таҳқиқот алайҳи Порошенко  бар асоси моддаҳои кодекси ҷиноии «Сармоягузории терроризма», «Хиёнат ба давлат» ва ҳамчунин «Ташкили созмони террористӣ».

Худи Порошенко дар хориҷ аз Украина қарор дошта, аз эъломи айб тавассути почта огаҳ карда шудааст. Порошенко дар Истанбули Туркия барои мулоқот бо Патриархи Портилимуси Қустантиния (Патриарх Константинопольский Варфоломей) қарор дорад.

Ҷумҳуриҳои худхондаи ҷудоихоҳ дар Украина созмонҳои террористӣ эълом шудаанд. Пештар дар доираи парвандаи хариди ангишт аз ҷудоихоҳон зидди раиси Шӯрои сиёсии Ҳизби "Платформаи мухолифон барои ҳаёт" Виктор Медведчук айби хиёнат ба давлат эълом шуда буд.

Раиси Хадамоти амнияти Украина Иван Баканов 8 октябри соли равон хабар дода буд, ки ин ниҳод эҳтимоли "маслиҳат"-и Медведчук бо Порошенкоро таҳқиқ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.