Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 800 ҳазор доллареро, ки ҳукумати "Толибон" мехоҳад сафорат ба Кобул бозпас бифристад, барнамегардонанд.
Ағбар, имрӯз, 23-юми декабр, баъди як ҳамоиш дар қароргоҳи сафорати Афғонистон, дар суҳбат ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, “Толибон” ҳақ надоранд баргардонидани ин маблағро талаб кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, сафорати Афғонистон як идораи расмии кишвари Афғонистон аст ва аз ин рӯ, маблағҳои мутафовите ба инҷо сарозер мешаванд ва "Толибон" ҳақ надоранд суолҳое дар ин замина бикунанд.
Баҳси 800 ҳазор доллари ворезшуда ба сафорати Афғонистон дар Душанберо хабаргузории “Пажвок”-и Кобул расонаӣ кард.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ дар охирин рӯзгори ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба суратҳисоби сафорати Афғонистон дар Душанбе “саҳван” 786 ҳазор доллар ҳавола шудааст, ки акнун "Толибон" бо ирсоли номае хостанд ин пул дубора ба Кобул бозпас ҳавола шавад.
Хабаргузорӣ навиштааст, ки ин пул огоҳона ворез ва аз ҳисоби бонкии сафорат гирифта шудааст.
“Аввал ин ки мо гуруҳи "Толибон"-ро ба расмият намешиносем. Дигар ин ки инҳо кӣ ҳастанд, аз мо талаб мекунанд, ки пулро баргардонем. Сафорати Афғонистон дар Душанбе як Афғонистони кӯчаки дигаре аст ва ин ҷо мардумони мутаадиде кору зиндагӣ мекунанд ва ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон дар Душанбе аст, ки имкон дорад мо ҳазинаҳое пайдо кунему дар ихтиёрашон бигузорем”,-мегӯяд сафири Афғонистон.
Ағбар баҳси пулҳои “иштибоҳан” ворезшударо ба мавзеъгириҳои сафорат дар баробари "Толибон" рабт медиҳад ва мегӯяд, ки чаро онҳо ин иштибоҳро дар баробари сафоратҳои дигар накарданду, дар баробари сафорати Душанбе карданд.
“Маълум аст, ки шамшери ин сафорат дар баробари онҳо тез аст ва дар баробари онҳо мубориза мекунад”,- гуфт Ағбар.
“Пажвок” навиштааст, ки ин пул ба номи хароҷоти сафорат интиқол ёфта, аммо Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар маслиҳат бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали ҳукумати пешини Афғонистон, аз ҳисоби бонкии сафорат берун кашида шудааст.
Хабаргузори матни номаи вазорати молияи "Толибон"-ро ба сафорати Афғонистон дар Душанбе нашр карда, ки дар он гуфта мешавад, 31-уми июли соли 2021 (10-уми асади 1400 ҳиҷрии қамарӣ) вазорати молия ба сафаорат бар иловаи 87292,08 доллар барои маош ва бимаи тиббии дипломатҳову кормандони маҳаллӣ, саҳван 785628 доллар низ интиқол гардидааст.
Вазорати молияи Толибон хостааст, ки ин маблағи изофӣ “ҳар чи оҷил ба ҳисоби воридоти давлат дар “Бонки Афғонистон” дубора интиқол шавад”.
“Пажвок” бо нақли қавл ба як корманди сабукдӯшшудаи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, ки аз ӯ ном намебарад, навиштааст, ки “ин пул дар рӯзҳои ахири ҳукумати пешин, бо номи маош, бима ва масрафҳои се соли ояндаи сафорат ба Тоҷикистон интиқол шуда буд”.
Ин манбаъи “Пажвок” гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳисоби бонкии сафорати Душанбе баста шудааст.
Сухангӯи вазорати молияи Афғонистон, дар мавриди берун кардан пули ёдшуда аз ҳисоби бонкии сафорат гуфтааст: «ин пули расмӣ аст, аз одрас (нишона)-и расмӣ интиқол шуда, агар имрӯз бошад ва ё фардо сафорати мо фаъол мешавад, дар он сурат Ағбар ҳар ҷойе, ки бошад маҷбур аст, ки ин пулро дубора бипардозад».
Ба навиштаи “Пажвок” Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар як паём аз тариқи WhatsApp ба суолҳои онҳо посух додааст, ки: «низоми Толибон ва номаи толибон назди мо расмият надошта, вазорати хориҷаи Афғонистон ва сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ амалан фаъол буда, сафорат Афғонистон дар Тоҷикстон дар тамом маворид мутобиқи ҳидояти мақом вазорати хориҷа ва сарпарасти раёсатҷумҳурӣ (Амруллоҳ Солеҳ)-и кишвар вазоифи худро думбол менамояд, дар тамоми маворид наздшон масъулият дорад».
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста