Кумитаи таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Саноуллоҳ Ғаффорӣ, машҳур ба Шаҳоб Муҳоҷир – роҳбари ДИИШ дар Афғонистонро дар феҳристи таҳримҳояш қарор дод. Ин тасмим, рӯзи сешанбеи 21-юми декабр аз сӯйи Шӯрои амнияти СММ гирифта шудааст.
Тибқи ин таҳрим роҳбари гуруҳи террористии ДОИШ-и Афғонистон ё шохаи Хуросони ДИИШ мамнуъияти сафар дорад ва дороиҳоя низ таҳти таҳрим қарор мегиранд. Ҳамчунин Шаҳоб Муҳоҷир шомили таҳримҳои таслиҳотӣ аст, ки хариду фурӯши силоҳ бо ӯро СММ манъ мекунад.
Пеш аз ин, Вазорати хориҷаии ИМА, Саноуллоҳ Ғаффориро ҳамроҳ бо ду узви дигари гуруҳи ДОИШ шомили феҳристи ҷаҳонии террористӣ карда буд. Мавлавӣ Раҷаб ва Султон Азиз Аъзам аз саркардаҳои дигари гуруҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон низ шомили феҳристи ин таҳримҳо шудабуданд.
Бар асоси иттилоте, ки СММ пешниҳод кардааст, Саноуллоҳ Ғаффорӣ аз соли 2020 ба ин сӯ, масъулияти раҳбарии ДОИШ-ро дар Афғонистон ба дӯш гирифтааст.
Аксе, ки аз Саноуллоҳ Ғафор дар расонаҳо ва пойгоҳҳои интернетӣ нашр шудааст, нишон медиҳад, ки ӯ яке аз муҳофизони вижаи муовини аввали раёсатҷумҳурии Афғонистон будааст. Аммо ин иттилоъ то кунун ба таври расмӣ таъйид нашудааст.
Ин аксро дар поёни моҳи ноябри имсол Вазорати хориҷаи Амрико нашр кард.
Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон, ки иддао мешавад, Ғаффорӣ муҳофизи вежаи вай будааст, баъди нашри ин акс аз сӯйи Вазорати хориҷаи ИМА дар твитте навишта буд, ки “Саноуллоҳ Ғаффорӣ то соли 2015 яке аз аъзои фаъоли шабакаи Ҳаққонӣ буд ва аз раҳнамоиву пуштибонии ин шабака бархӯрдор буд”.
Солеҳ навишта буд, ки “Ғаффорӣ солҳо дар феҳристи пайгарди Амнияти миллӣ қарор дошт, ин акс муҳандисӣ аст (сохтакорӣ) ва хонаводааш дар Покистон зиндагӣ мекунанд”.
Муовини пешини Ашраф Ғанӣ, ки дар гузашта раиси Амнияти миллии Афғонистон ва вазири ниҳодҳои амниятии ин кишвар низ буд, навиштааст, ки тамоми хешу таборони Ғаффорӣ аз сӯйи идораи амнияти миллӣ дар замонаш дар Шакардараи Кобул мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифта буданд ва ӯ амири тамоми ДОИШ-Хуросон нест.
Гуруҳи ДОИШ пас аз расидани толибон ба қудрати Кобул, ҳамлаҳояшро ба шаҳрҳои Афғонистон афзоиш додааст.
Шохаи Хуросони Доъиш масъулият як ришта ҳамлаҳои маргбор бар ғайринизомиён, маконҳои умумӣ, масҷиду мактабҳо, донишгоҳу марказҳои омӯзишӣ ва берхонаҳоро пас аз тасаллути толибон низ пазируфтааст.
Шохаи "Хуросон" дар аввали соли 2015 дар вилояти Нангарҳори Афғонистон пайдо шуда, фаъолиятҳояш дар вилоятҳои Кунар ва Ҷузҷон густариш дод. Фаъолиятҳои ин гуруҳ дар соли 2016 дар пайи амалиёти низомиёни Амрико ва афғон суст шуда буд.
Ҳоло гуфта мешавад, ки шохаи "Хуросон" дар талоши эҷоди ихтилофҳои фирқаӣ дар Афғонистон аст, то ҳукумати "Толибон"-ро ба чолиш рӯбарӯ кунад. Ҷейкоб Зенн, яке аз аъзои аршади Бунёди Ҷеймстаун дар Вашингтон мегӯяд, дар сурати бесуботии Афғонистон машруияти "Толибон" зери суол меравад. Аз диди ӯ, бо сустии ҳукумати "Толибон" замина барои фаъолияти ДОИШ фароҳам мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.