Бар асари хавфи сироят аз омикрон-штамм ширкатҳои ҳавопаймоӣ зиёда аз 5 ҳазор парвозҳоро бо хатсайрҳо дар ҷашнҳои солинавӣ дар саросари дунё бекор карданд. Дар ин бора CNN хабар медиҳад.

Тавре ки Лента.ру бо истинод ба маълумоти нашрия менависад, ҳам хатсайрҳои дохилӣ ва ҳам байнулмилалӣ бекор шудааст. Дар ИМА шумораи онҳо дар рӯзи Мавлуди Исо (Рождество) 1,7 ҳазор адад кам шудааст. Дар робита ба афзоиши шумори сироятёбӣ бо штамми нав дар байни кормандон, чунин тасмим гирифта шудааст.

Дар Раёсати бехатарии нақлиёти ИМА хабар додаанд, ки сарфи назар аз хавфҳо сокинон ба сайру саёҳат мераванд: рӯзи 23 декабр дар фурудгоҳҳои кишвар зиёда аз 2,1 млн нафар мусофирон сабт шудаанд.

Қаблан коршиноси тиббии Ассотсиатсияи байнулмиалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) Дэвид Пауэлл изҳор дошт, ки дар натиҷаи пайдо шудани омикрон-штамми нав хавфи сироят аз коронавирус дар ҳавопаймо 2-3 баробар зиёд шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳафтаҳои охир шиддати нави COVID-19 дар саросари ҷаҳон босуръат паҳн шуда, дар ҳамин ҳол шумораи мусофирони ҳавопаймоҳо пеш аз Соли нав ба таври қобили мулоҳиза меафзояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.