Дар пайи кушта шудани як сокини бегуноҳ аз ҷониби неруҳои ҳаракати террористии “Толибон”, ҳазорон афғонҳо назди назди бинои дафтари кории волии вилояти Панҷшер гирдиҳамоии эътирозӣ барпо намуданд, хабар медиҳад Tolo News.
Ба гуфтаи эътирозгарон, дар мавзеи Анаваи вилояти Панҷшер толибон сӯи сокини осоиштаи бегуноҳ тир кушодаанд. Роҳбари департаменти амнияти Панҷшер Абдул Ҳамид Хуросонӣ тасдиқ намудааст, ки яке аз сокинон бар асари маълумоти бардурӯғ аз ҷониби толибон кушта шудааст.
“Ӯ аз ҷониби неруҳои амният бар асоси маълумоти нодуруст, ки онҳо гирифтаанд, кушта шуд. Одамон даст ба эътироз зада, назди бинои дафтари кории волӣ (губернатор) омаданд. Раҳбарияти Амороти исломӣ ба мардум ваъда дод, ки касоне ба чунин амал дастзада ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, - омадааст дар хабари роҳбари департамент.
Тазоҳургарон тасдиқ кардаанд, ки “Толибон” бояд адолатро таъмин намуда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд.
Ба гуфтаи Хуросонӣ, мансабдорони маҳаллӣ бо эътирозгарон гуфтугӯ карда, шоми 26 декабр гирдиҳамоӣ ба хотима расид.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.