Сарони панҷ кишвар - Русия, Чин, ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса, ки дорои силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ) мебошанд, “дар мавриди пешгирии ҷангии ҳастаӣ ва роҳ надодан ба мусобиқаи таслиҳотӣ” изҳороти муштарак пахш намуданд. Ин санад дар сомонаи Кремл нашр шудааст.
“Мо изҳор мекунем, ки дар ҷанги ҳастаӣ ҳеҷ ғолибе нахоҳад буд ва ҳаргиз набояд ба он роҳ дод.
Азбаски истифодаи силоҳи ҳастаӣ паёмадҳои хеле густардае ба бор хоҳад дошт, мо инчунин тасдиқ менамоем, ки силоҳҳои ҳастаӣ то замоне, ки вуҷуд доранд, бояд барои ҳадафҳои мудофиа, пешгирӣ аз таҳдиду чолиш ва ҷанг хидмат кунанд. Мо бар ин назарем, ки аз паҳншавии минбаъдаи чунин силоҳҳо бояд пешгирӣ карда шавад”.
Сарони панҷ давлат содиқ будани худро ба Шартномаи паҳн накардани яроқи ҳастаӣ ва мавриди ҳадафи мушакҳо қарор надодани ҳамдигар тасдиқ намуда, инчунин муҳим будани риояи созишномаҳои бисёрҷониба ва уҳдадориҳо дар бахши паҳн накардан, даст кашидан аз силоҳҳо ва назоратро аз болои силоҳу муҳимот таъкид доштанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста