Ҳукумати сарпарасти “Толибон” аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон талаб кардааст, ки чархболҳоеро, ки замони суқути ҳукумати пешин ба ин кишвар интиқол дода шудаанд, дубора ба Афғонистон бозгардонад.

Шабакаи телевизионии “Тулуънеюс” дар як гузориш ба нақли қавл аз масъулони Толибон мегӯяд, ки ҳукумати ин кишвар бори чандум аст, ки барои бозгардонии чархболҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон мактуб кардааст.

Аммо Иноятулло Хоразмӣ, сухангӯйи вазорати дифои толибон гуфтааст, ки онҳо борҳо аз ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дархост кардаанд, ки ин чархболҳоро баргардонанд. “Албатта онҳо (ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон - АП) мулоҳизоти худро доранд ва то кунун чархболҳоро таслим накардаанд”,-гуфтааст Хоразмӣ.

Баҳси чархболу тайёраҳо миёни ҳукумати Толибон ва кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистонаш ҳанӯз пас аз чанд рӯзи расидани толибон ба қудрат дар Кобул оғоз шуда буд. Дар оғози моҳи декабр хабаргузории "Фарғона" хабар дода буд, ки Ӯзбекистон чанде аз чархболу ҳавопаймоҳои низомии Афғонистонро баргардонидааст.

Ин хабар баъди чанд рӯзи сафари намояндаи махсуси Ӯзбекистон Исматулло Эргашов дар 1-уми декбар ба Кобул нашр шуд, ки дар ин сафар Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси вазирони Толибон хоста буд, ки ин кишвар чархболҳои Афғонистонро баргардонад.

Сухан аз чархболҳову тайёраҳои низомие меравад, ки баъди ба дасти толибон афтидани Кобул бархе аз халабонҳои низомии Афғонистон чархболҳоро аз Афғонистон парвоз дода, ба Тоҷикистону Ӯзбекистон оварданд.

Теъдоди чархболҳои мавҷуд дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 40 чархбол гуфта мешавад.

Инъомуллоҳ Самангони, сухангӯйи толибон ба “Тулуънеюс” гуфтааст, ки гуфтушуниди онҳо бо кишварҳои ҳамсоя барои баргардонии 40 чархбол аст.

Аммо ҳоло маълум нест, ки чӣ миқдор аз ин чархболҳо дар Тоҷикистон асту чӣ миқдоре дар Ӯзбекистон.


18-уми августи соли 2021 сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар ба “Азия-Плюс” оварда шудани ин чархболҳоро ба Тоҷикистон таъйид карда буд ва гуфта буд, ки аксари ин чархболҳо низомиянд. Аммо сафир гуфта буд, ки теъдоди дақиқашро намедонад.

Мақомоти расмии Тоҷиикистон то кунун расман дар бораи ин чархболҳо чизе нагуфтаанд ва талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани назари ҷониби Тоҷикистон бенатиҷа буд.

Гуфта мешавад, се чархбол аз ин теъдод чархболҳое ҳастанд, ки Ашраф Ғаниро ҳангоми фирораш аз Кобул дар 15-уми августи соли 2021 ба Ӯзбекистон оварда буданд.

Ин чархболҳои ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқолдодашуда аз 150 чархболи низомие ҳастанд, ки Амрико ба неруҳои ҳавоии артиши ҳукумати пешини Афғонистон дода буд.

Хабаргузории “Ройтерз” чанде пештар хабар дода буд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон аз Амрико хостаанд, ки ин чархболҳо дар кишварҳояшон бимонанд, вале маълум нест, ки ИМА чӣ посухе додааст.

Дар замони суқути Кобул наздик ба 150 халабони низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳанда шуда буданд, ки баъди чанд вақти иқомат дар Тоҷикистон, онҳо аз сӯйи Амрико ба кишвари сеюм мунтақил шуданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.