Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, бо нашри хабарномае гузоришҳо дар бораи ирсоли силоҳ аз сӯйи Русия ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъудро рад кардааст.
Сухангӯи ВКХ Русия, дар ин иттилоия, ки рӯзи душанбе, 17 январ дар торнамои ВКХ Русия нашр шуд, иддаоҳо дар мавриди ирсоли силоҳи сохти Русия ба Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшерро ба "коршиносони русҳароси амрикоӣ" нисбат дод.
Вай гуфтааст: "Мо ба изҳори назари бархе аз коршиносони амрикоӣ-русофоб (русҳароси амрикоӣ), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, дар бораи иддаъои интиқоли г аслиҳаи Русия ба Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар вилояти Панҷшер таваҷҷуҳ кардем".
Ба гуфтаи Мария Захарова, Русия ба унвони кишвари тавлидкунандаи ин аслиҳа нишон дода шудааст.
Сухангӯи ВКХ Русия гуфт, ки Маскав ин гуна "кинояҳоро" ба шиддат рад мекунад.
Вай афзуд, ки Русия ба ҳеҷ ваҷҳ дар таслиҳоти тарафҳои даргир иштирок накардааст ва намекунад.
Захарова таъкид кард, ки Маскав итминон дорад, ки таъмини силоҳ ба ҷонибҳои даргир барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон мусоидат намекунад, балки, баръакс, боиси тезутунд шудани зиддиятҳои дохилиафғонист, ки сабаби барангехтани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон мегардад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Нигини Хуросон: суқут, тарсу парешонӣ
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон
Ҳунарҳои устоҳои Истаравшан, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайрат овард
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста