Мулло Ҳасан Охунд, нахуствазири Толибон дар нишасте зери номи "Конфронси иқтисодии Афғонистон" аз тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои исломӣ даъват кардааст, ки бо ба расмият шинохтани Толибон, соҳибистиқлол будани худро нишон диҳанд.
Ин нишаст, рӯзи чоршанбеи 19-уми январ дар Кобул баргузор шуд.
Нахуствазири Толибон гуфтааст, ки Аморати исломӣ тамоми меъёрҳои ба расмият шинохтанро такмил кардааст ва ҷаҳон бояд бе ҳеҷ интизории дигаре ҷуръат кунаду онҳоро ба расмият бишносад.
Ҳасанд Охунд аз кишварҳои исломӣ хостааст, ки дер бар расмият шинохтани давлати Толибон пештоз шаванд.
Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовин сухангӯйи гурӯҳи "Толибон" дар твиттараш дар бораи Конфронси иқтисоди ин гурӯҳ навиштааст, ки "дар конфронси иқтисоди имрӯз намояндагон бист кишвар ҷаҳон ба гуна физикӣ ва намояндагони чиҳил кишвар ба гуна онлайн иштирок варзидаанд".
Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки дар ин конфронс масоили иқтисодии Афғонистон, ба хусус чолишҳои сектори хусусӣ ва масоили бонкӣ ба баҳс гирифта шудааанд, то роҳҳои муносиби ҳал барои рафъ мушкилоти гуногун пайдо шавад.
Дар ин конфрон гурӯҳи "Толибон" аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд то ба тааҳҳудоти худ дар баробари кишваршон амал кунанд ва ҳамчунин ваъдаи худро барои иҷрои лоиҳаҳои муҳимме монанди сохти хатти лӯлаи гази Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳинд эълом карданд.
Ҳарчанд аз ба қудрат расидани Толибон то кунун наздик ба шаш моҳ мегузарад, аммо ҳеч кишваре то кунун ҳукумати Толибонро эътироф накардааст. Кишварҳои гуногуни ҷаҳон, пешшартҳои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибонро аз қабили ташкили ҳукумати фарогир, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, ҳуқуқи зан, озодии баён ва арзишҳои дигари инсониву ҷаҳонӣ гузоштаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста