Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Ашрафғанӣ, раисҷумҳур фирории Афғонистон гуфтааст, ки рақобатҳо миёни гурӯҳҳои сиёсӣ барои ба даст овардани қудрат, низоми ҷумҳуриро дар ин кишвар бо шикаст рӯбарӯ кард.
Ҳамдуллоҳ Муҳиб дар як гуфтгӯ бо “Foreign Policy” таъкид кардааст, ки иттилооти вай ва Амруллоҳ Солеҳ дар бораи мавзӯъҳои амниятӣ, бо ҳам мувофиқат намекарданд ва ба ҳамин иллат нишастҳои амнияти ҳукумат натиҷадор набуданд.
Ин мушовири амният миллии Ғанӣ гуфтааст, ки «дастёбӣ ба ин амр дар тӯли интихоботи президентии соли 2019 бисёр душвор шуд, ки як бори дигар кореро, ки мо дар заминаи ҳамбастагии сиёсӣ анҷом дода будем, ба куллӣ аз байн бурд».
Муҳиб, дар ин гуфтугӯ иқрор шудааст, ки ҳафтаҳо пеш аз фурӯпоши ҳукумат дарёфта буданд, ки низом суқут мекунад ва аз ҳамин рӯ дар ҷустуҷӯйи роҳи беҳтари ҷилавгирӣ аз хунрезии бештар дар пойтахт буданд.
Ҳамчунин Муҳиб яке аз иллатҳои бузурги дигари суқути ҷумҳурият дар Афғонистонро қотеъияти тасмими Ҷо Бойдан барои хуруҷи бидуни қайду шарти неруҳои амрикоӣ аз ин кишвар медонад.
“Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмими ниҳоиро дар апрели соли 2021, дар замон давлати Бойдан ба ҳар қимате барои хуруҷ аз Афғонистон гирифт. Он эъломия нуқтаи шикасте буд, ки мо натавонистем аз он раҳоӣ ёбем. Дар ин тарҳ ба назар мерасид, ки ниёз ба замонат аз сӯйи “Толибон” беш аз тазмини бақои ҷумҳурии Афғонистон аввалавият дошта бошад».
Ин мушвири Ғанӣ, ки дар гузашта сафири Афғонистон дар ИМА ҳам буд, гуфтааст, ки Амрико ба хотири он ки битавонад ба таҳдидҳои ворида аз Чин дар масъалаи амнияти сайберӣ (кибербезопастность) муқобилат кунад, тасмим гирифтанд, ки дарозтарин ҷанги Амрико дар хориҷ аз кишварашон - Афғонистонро хеле зуд тамом кунанд.
Мо борҳо хоҳиш кардем, ки ҷараёни хуруҷи неруҳо марҳила ба марҳила бошад, ки битавонем ба сурати лозим барои аз байн бурдани норасоиву мушкилоте, ки баъди рафтани неруҳои амрикоӣ ба миён меояд, омода шавем. Вале ин корро накарданд.
Муҳиб гуфтааст, ки аз сӯйи дигар сардаргумиҳо дар масъалаи ҷанг эҷод шуда буд, ки душмани Афғонистон кист. Толибон, ки мо онҳоро душмани Афғонистон эълон карда будем бо бузургтарин муттааҳиди мо – ИМА мувофиқатнома имзо карда буданд, ки дигар ҷанг намекунанд. Аммо ахборе, ки ба мо мерасид ин буд, ки Толибон дар сар ҳавои пирӯзии низомиро доранд.
Чанд ҳафта қабл аз суқути Кобул, фиристодаи вижаи Амрико Залмай Халилзод эълон кард, ки ин мубориза арзиши онро надорад, ки барои он касе бимирад. Хабарҳои хуруҷ ва ин гуна изҳорот ҷомеаи Афғонистонро тағйир дод ва ин руҳияи артиши моро бисёр шикаст, -изҳори тассуф кардааст мушовири Ғанӣ.
“Иқтисод ва ҳукумати Афғонистон хеле сахт пойбанди ИМА ва ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Мисле, ки ҳоло бархе гузоришҳо ва таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, муомилаҳои зиёде дар сатҳи маҳаллӣ ва байни бозигарони таъсиргузор анҷом мешуд, ки сабаби бархе таслим шуданҳо, бархе вогузориҳо ва ғайра шуд, ки таъсири домино гузошт ва суқут кард”,-гуфтаас Муҳиб.
Муҳиб дар ин мусоҳиба ба нақши Покистон дар суқут пардохта, гуфтааст, ки агар Покистон пуштибонӣ накунад Толибон наметавонанд вуҷуд дошта бошанд. Маълумоту мадракҳои зиёде аз ҳамкории Толибон бо Покистон вуҷуд дорад.
“Дар Покистон Толибон як хоҷаи муштарак пайдо карданд, ки ба онҳо имкон дод, ки ошкоро ва озодона фаъолият кунанд, пуштибониҳоро ташкл ва сафарбар намоянд, ҳаводронашро мағзшӯйӣ, кунанд, омӯзиш диҳанд, суханронӣ намоянд, маблағ ҷамъ биёранд, тиҷорат ба роҳ монанд ва силоҳ бихаранду захмиҳои худро табобат кунанд, хонаводаҳои худро он ҷо ҷобаҷо намоянд, иҷозаи иқомат ба даст биёранд ва барои сафарҳои ҳуҷҷатҳои расмӣ ба даст биоранд. Сатҳи ин ҳамкориҳо баъди суқут боз ҳам рӯшантар шуд”.
Мо борҳо ин мавзуъро ошкоро матраҳ кардем, вале ба назар мерасад, ки “масъалаи Покистон” то он ки барои Афғонистон бошад, бештар барои кишварҳои хориҷӣ як асроре дар сиёсати хориҷияшон аст. Ман чунин меҳисобам, ки бисёре аз кишварҳо ҳатто надонистанд, ки бо ин чӣ кор кунанд, барои ин онҳо бар ин натиҷа расиданд, ки нақши марказии Покистонро дар масъалаи Афғонистон сарфи назар кунанд. Бархе сиёсатмадорон Покистонро ҳатто ворида муодила накарданд.
Муҳиб гуфтааст, ки ҳоло ба назар кардан да ақиб, ба ин натиҷа расидааст, ки ҳатто агар онҳо дар Кобул мемонаданд ва зиндагии раисҷумҳурро ҳам таваккал мекарданду хунрезӣ ҳам сурат намегирифт, ба ҳар ҳол маҷбур мешуданд, ки қудратро интиқол кунанд, ки ин дар навъи худ, машруъият бахшидан ба ҳукумати Толибон буд.
Муҳиб гуфтааст, ки ӯ ва Ғанӣ аз воқеияти он чизе, ки дар Афғонистон рух медод, дур набуданд. Дар ҳафтаҳое, ки суқути вулусволиву вилоятҳо бо як суръати баланд рух медод, мо таҳлилҳо кардем ва барои наҷоти кишвар бояд иқдом мегирифтем. Аммо вазъ ба суръати саргумкунанда тағйир меёфт ва мо ба ин натиҷа расидем, ки ба хотири пешгирӣ аз хунрезиҳои бештар дар хиёбонҳои пойтахт ва сарнагун кардани раисҷумҳур, гузинаи дигар ба ҷуз рфтан аз кишвар надорем.
“Ин ваҳшатноктарин мероси мо ва хиёнат ба он чизе мебуд, ки мо барои он бархестему ҷангидем ва бузургтарин хидмати хирсона ба неруҳои миллии мо мебуд”.
Муҳиб ба суоли ин ки, оё фақру фасод мероси ҳукумати шаклногирифтаи шумо нест, ки ҳоло мардуми Афғонистон барои нокифоятии шумо қиммати онро мепардозад, гуфтааст, ки ин ду мушкилоти дерини ҷиддии Афғонистон буданд, ки ҳукумати Ғанӣ бо ин ду мубориза мекард ва тарҳои зиёде ҳам рехт.
Аммо Муҳиб гуфтааст, ки решаи фасод дар Афғонистон ба соли 2001 бармегардад, ки ҷомеаи ҷаҳони маблағҳои ҳангуфт ва назораношавандае ба Афғонистон ворид кард ва баъдан аз онҳо барои харидани пуштибонии сиёсӣ ба хотири ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ истифода кард.
Муҳиб даст доштани худаш ва Ғаниро дар фасоди густарда рад кардааст. Гуфтааст, ки ман ба ватани худ мунсифона ва тоза хидмат кардам. Гуфтааст, ки инро касоне ки бо ӯ кор кардаанд ва ҳатто онҳое, ки аз нигоҳи сиёсӣ бо ӯ мувофиқ набуданд, медонанд. Ҳоло ман бо он созмонҳое, ки масъалаи фасодро таҳқиқ мекунанд, ҳамкорӣ дорам.
Муҳиб гуфтааст, ин ки гӯё расман эътироф нашудани Толибон ва дастрасӣ надоштани онҳо ба захираҳои пулӣ сабаби он шудааст, ки натавонанд кишварро ба шакли дуруст раҳбарӣ кунанду кишварро аз буҳрони иқтисодӣ берун бикашанд, мифе беш нестанд. Аввал ин ки ин як кори бисёр сода нест ва дувум ин ки Толибон де-факто аллакай аз сӯйи бисёре аз кишварҳо эътироф шудаанд, ки мустақиман бо онҳо робита доранд ва ҳатто берхе дар Кобул сафорат ҳам доранд.
Ман фикр намекунам, ки рӯйкардаи ҳозираи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он натиҷаҳои дилхоҳе меоварад, ки дар гузашта натвониста буд ба вуҷуд биояд.
Толибон як ҳукумати ғайримуқаррарӣ ҳастанд, аз сӯйи мардум интихоб нашудаанд. Дар навъи худ, онҳо як ҳаракати шадиди диниву идеологӣ ҳастанд, на сиёсӣ.
Ман дар гузашта ҳам гуфтаам ва ҳоло ҳам мегӯям, ки барои муасссир воқеъ шудани мубориза бо толибон, бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёриҳо дидгоҳи худ ва дарки эҳтимолии ҷаҳонбинии толибониро бознигарӣ кунанд, ки як дидгоҳи ҷиҳодӣ аст. То замоне ки онҳо як гуруҳи ҷиҳодӣ эътироф мешаванд, онҳо ҳама эътирофҳоеро соҳиб мешаванд, ки ба назарашон ба он ниёз доранд.
Муҳиб гуфтааст, ки баъди ба ҳукумат расидани Бойдан мо бо онҳо тамос гирифтем ва гуфтем, ки мувофиқатномаи Давҳа бояд бознигарӣ шавад. Маро дар маъмурияти Бойдан муътақид карданд, ки раисҷумҳур ин корро мекунад. Ин умедворкуниҳо то моҳи апрели соли 2021 борҳо буданд. Мо мехостем, ки ИМА барои қатъи хушунатҳои толибон дар баробари мардум Афғонистон ва ба мизи музокирот кашонидани онҳо бо ҳайтаи расмии давлат, шартҳои сахтар бигузорад. Мо боварманд будем, ки Бойдан ин корро мекунад ва равандҳои байниниҳодӣ эҳтиром мегузорад. Аммо ин кор нашуд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста