Президенти Арманистон Армен Саркисян аз мақоми худ истеъфо дод. Ӯ гуфт, дар ин мақом аз салоҳиятҳои кофӣ бархурдор нест, то дар сиёсати кишвар ва масъалаҳои ҷангу сулҳ таъсиргузор бошад. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.
Саркисяни 68-сола бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмии президенти Арманистон афзудааст, "кишвар дар як воқеияте қарор дорад, ки раисҷумҳур наметавонад аз бештари тавонмандиҳояш барои иҷрои вазифаҳои низом истифода барад".
Ба гуфтаи ӯ, дар вазъияти кунунӣ президенти Арманистон абзореро надорад, ки "ба кишвари худ мусоидат намояд".
Дар Арманистон барои тағйири Конститутсияи он кишвар комиссия ташкил шудааст. Саркисян изҳори умед кардааст, ки шояд президенти ояндаи Арманистон баъди тағйири Конститутсия тавонад дар "доираи нисбатан баробар" фаъолият кунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Оғози супоридани тест барои таҳсил дар мактабҳои русзабони Тоҷикистон
“The Independent”: Маҳдӣ Муҷоҳид дар Эрон боздошт ва ба Толибон* супорида шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста