Русия амалиёти низомии худ Дар Укроинро оғоз кардааст. Расонаҳои русиву Укроинӣ ва расонаҳои идагри аврупоӣ аз ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Икеву Одеса хабар медиҳанд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ ин фармон пас аз он содир шуд, ки  ҷудоиталабони Украина аз Русия кӯмаки низомӣ хоста буданд. Путин ҳамчунин ду рӯз пеш "истиқлол"-и Донетск ва Луҳанскро ба унвони "ҷумҳуриҳои мардумӣ" ба расмият шинохт.

"Мавҷи Олмон" дар як матлаб ин ҳамлаи Русияро ғасибона унвон карда, навиштааст, ки "президенти Русия 24 февраля ҷанг алайҳи Укроинро эълон кард, вале онро "амалиёни вижаи низомӣ дар Донбасс" номид".

Хабарнигори ин расона аз Киев хабар додааст, ки садои таркишҳо дар қисмати шарқии пойтахти Укроин ҳам ба гӯш расидаанд. Ҳамчунин ин расона гуфтааст, ки хабарҳо дар бораи таркишҳо дар Харков, Бердянск ва Одессаву Житомир низ вуҷуд дорд. 

Бино ба иттилои хабаргузории русии РИА Новости, Путин изҳор дошт, ки даргирии низомӣ байни нерӯҳои Русия ва Украина "иҷтинобнопазир" аст. Вай иддао кард, ки "иқдомоти Русия дифоъ аз худ дар баробари таҳдидҳо ва барои пешгирӣ аз мушкилоти калонтар аст". Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки мехоҳад Украинаро "ғайринизомӣ" кунад.

Путин сипас ҳушдор дод, ки ҳар гуна талоши кишварҳои хориҷӣ барои мудохила дар баробари иқдомҳои Русия "паёмадҳое хоҳад дошт, ки онҳо то ба ҳол надидаанд". Тибқи гузоришҳо, пас аз содир шудани фармони Путин, чандин садои таркиш дар Киев, Одесса, Харков, Днепр ва дигар шаҳрҳои пойтахти Украина шунида шудааст ва нерӯҳо аз чанд мавқеъ дар Русия ва Белорус вориди қаламрави Украина шуданд.

Вести.ру ҳам бо такя ба расонаҳои хориҷӣ  аз вуқуи чанд таркиш дар шаҳрҳои гуногуни  Укроин хабар медиҳад. 

Телевизиони СММ навори таркиш дар чанд қисмати Киевро нишон дод. Хабаргузории "Рейтерз" ҳам аз таркиш дар пойтахти Украина хабар дод. Таркиш ҳамчунин дар "Бориспол" -- фурудгоҳи аслии Киев шунида шудааст. Ҳанӯз ҳеҷ гузориш дар бораи шумораи кушташудаҳо ва захмиёни ин ҳамлаҳо нашр нашудааст. Аммо сухангӯи вазорати умури дохилии Украина гуфт, ҳамлаи густурда оғоз шудааст.

Кишварҳои ғарбӣ ба ин ҳамлаҳои Русия вокуниш кардаанд. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфтааст, ки "раисҷумҳур Путин роҳи хунрезӣ ва вайронкориро интихоб кард, ба Укроин ҳамлаи бидуни далелро ба Укроин оғоз кард",-навиштааст дар Twitter-и худ.

Ҷонсон гуфтааст, ки бо раисҷумҳури Укроин Влодимир Зеленский вазъро баррасӣ кардааст. "Бритониёни Кабир ва муттаҳидони дигар посухи қотеъ медиҳанд", - изҳори кардааст нахуствазири Бритониё.

Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки низомиёни рус  алайҳи иншооти низомии Укроин аз силлоҳе кор мегиранд, ки даққияти боло доранд. "Бо силоҳҳои дорои дақиқияти боло зерсохтҳои низомӣ, иншооти мудофиаи зидди ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомӣ, ҳавонавардии неруҳои мусаллаҳи Укроин тахриб карда мешаванд",-омадааст дар изҳороти Вазорати дифои Русия. Ин ниҳод гуфтааст, ки неруҳои Русия  зарбаҳои ҳавоие ба шаҳрҳои Укроин нахоҳанд кард ва ба мардуми мулкӣ хатаре таҳдид намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.