Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Вазорати дифои Русия дастур дод, ки нерӯҳои боздорандаи ҳастаии артиши Русия дар ҳоли омодабоши вижа қарор гиранд.
Ӯ ин дастурро рӯзи якшанбе, 27 феврал дар нишасте дар Кремлин бо ҳузури вазири дифоъ ва фармондеҳи Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар содир кард.
Раисҷумҳури Русия гуфт, ки мақомоти баландпояи кишварҳои ғарбӣ изҳороти ҳуҷум алайҳи Русияро баён кардаанд. Ӯ таҳримҳои кишварҳои ғарбиро "ғайриқонунӣ" хонд.
Дар ин ҳол Амрико ба дастури Путин дар мавриди қарор додани нерӯҳои ҳастаии Русия дар ҳоли омодабоши "вижа" посух дод.
Линда Томас Гринфилид, сафири Амрико дар Созмони Милал дар мусоҳиба бо шабакаи Си-Би-Эс ин иқдоми Русияро "ғайри қобили қабул" хонд.
Ба иттилои BBC ӯ гуфтааст, ки "ин ба маънои он аст, ки раисҷумҳур Путин ба гунае ба шидат бахшидани ин ҷанг идома медиҳад, ки комилан ғайри қобили қабул аст ва мо бояд ба қавитарин шакли мумкин иқдомоти ӯро мутаваққиф кунем"
Ёдовар мешавем, ки аз ҳамлаи Русия ба Укроин чаҳор рӯз мегузарад. Дар пайи ҳамлаи низомии Русия ба Укроин, таҳримҳои сахти ҷаҳонӣ алайҳи Русия ҷорӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста