Дар вилояти Брести Белорус даври дувуми гуфтугӯҳои Русияву Укроин ба поён расид. Дар поёни гуфтугӯ ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки дар фурсатҳои наздик барои берун овардани сокинони осоишта долон таъсис медиҳанд.
Михаил Подоляк, ёвари раиси дастгоҳи президенти Укроин гуфт, кишвараш дар ин мулоқот ба натиҷаҳое даст наёфт, ки умедворашон буд. Ҷонибҳо барои даври севуми гуфтугӯҳо созиш карданд.
Пеш аз мулоқот дар "Беловежская пуща" Киев гуфт, ки ҳадафи асосӣ - оташбаси фаврӣ, сулҳ ва боз кардани долон аст.
Владимир Мединский, ёвари президенти Русия низ гуфт, ки бояд барои берун овардани сокинони осоишта аз маҳалли ҷанг долон таъсис шавад.
Владимир Путин, президенти Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, амалиёти низомӣ дар ҳар сурат бояд ба ҳадаф расад.
Макрон баъди ин суҳбат гуфт, ки Путин тасмим дорад, ҳамаи Укроинро ғасб кунад ва мунтазир аст, ки дунё шартҳои ӯро иҷро мекунад.
Мулоқоти аввали ҳайатҳои ду кишвар рӯзи 28 феврал баргузор шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста