Роскомнадзор - идораи назораткунанда бар расонаҳо дар Русия дастрасӣ ба сомонаи русии бахши тоҷикии Радиои Озодиро маҳдуд кардааст.
Ҳамчунин сомонаи русии бахши туркманӣ ва қазоқии Радиои Озодӣ низ дар феҳрасти сомонаҳои мамнуи Роскомнадзор қарор гирифтааст. Дар ин бора Mediazona, як нашрияи мустақили Русия бо такя ба Роскомнадзор хабар додааст.
Фармони маҳуд кардани дастрасӣ ба се сомонаи русизабони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми март содир шудааст.
Пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина мақомоти рус фишор болои матбуоти мустақилро бештар карданд, ки ин боиси аз кор мондани чандин расонаҳо дар ин кишвар шуд.
Аз ҷумла, Mediazona низ дар Русия баста аст ва расонаҳои маъруфе мисли ББС, Ню Йорк Таймз кор дар ин кишварро қатъ карданд.
Аз ин пеш, Русия бахшҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар рӯйхати “агенти хориҷӣ” ҷой дода, маҷбур карда буд, ки дар ҳар матлабаш ба "агенти хориҷӣ" будан таъкид кунад. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ инро қабул накард ва пас аз оғози ҷанги Русия бо Укроин кор дар ин кишварро қатъ кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста