Ҳукумати Толибон кишт, истеҳсол ва масрафи тарёк ё хашхошро дар сар то сари Афғонистон манъ карданд. Фармони манъи кишти тарёк аз сӯйи Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари ин гурӯҳ содир шудааст, ки ҳукумати Толионро онро рӯзи 3-юми апрел нашр карданд.
Дар фармони раҳбари Толибон омадааст, ки "аз ин ба баъд кишт, тавлид ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистон мамнуъ аст ва онҳое, ки аз ин фармон сарпечӣ мекунанд бо онҳо бар асоси шариати исломӣ бархурд хоҳад шуд.
Дар ин фармон ҳамчунин гуфта шудааст, ки "аз таърихи содир шудани ин фармон кишти кӯкнор (хашхош) дар тамоми кишвар ба таври комил мамнуъ аст ва ҳеч кас пас аз ин наметавонад барои кишти ин гиёҳ талош кунад".
Дар ҳоле Толибон масрафи маводи мухаддирро дар Афғонистон манъ кардаанд, ки бар асоси омори Вазорати тандурустии Афғонистон дар соли гузашта, пеш аз ба қудрат расидани Толибон шуъмори гирифторони нашъамандӣ (муътодон) дар ин кишвар ба 2,5 миллион нафар мерасад, ки наздик ба 750 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд.
Дар фармони Толибон ҳамчунин омадааст, ки "истеъмоу интиқол, хариду фурӯш, тиҷорат, воридот ва содироту корхонаҳои тавлиди ҳар гуна маводи нашъовар, аз ҷумла шароб, ҳероин, шиша, таблет (таблетка, ҳабҳои равонгардон), чарс (ҳашиш) ва ғайра ба гунаи ҷиддӣ мамнуъ аст".
Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси вазирони Толибон дар як маросими хосе, ки ин фармонро ҳамагонӣ мекарданд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки дар кишти зироатҳои алтернатив ё ҷойгузини тарёк ба Афғонистон ёрӣ расонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста