Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ва намояндаи "Иттиҳоди миллӣ"-и он кишвар Марин Ле Пен вориди даври дувуми интихоботи президентӣ мешаванд.
Ин хулосаи назарпурсиест, ки баъди баста шудани дари нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса дар рӯзи 10 апрел анҷом шудааст.
Ҷамъан натиҷаҳои чаҳор назарпурсӣ нашр шуд. Бар асоси онҳо, дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса Макрон аз 28 то 29,5 дарсад ва Ле Пен аз 23 то 24,5 дарсади овозҳоро ба даст меоранд.
Дар мақоми севум номзади чапгаро Жан-Люк Меланшон бо касби наздики 20 дарсади оро қарор дорад. Ӯ рӯзи якшанбе дар як суханронияш Макронро дастгирӣ накард ва ҳамзамон хост, ҷонибдоронаш ба Ле Пен раъй надиҳанд.
Мақоми чорумро дар интихоботи президентии Фаронса Эрик Земмур соҳиб шудааст. Тавре интизор мерафт, ӯ аз номзадии Ле Пен ҷонибдорӣ кард. Ду номзади боқӣ Валери Пекресс ва Анн Идалго гуфтанд, аз Макрон ҷонибдорӣ мекунанд, то "ифротиён" ба қудрат роҳ наёбанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
«Рости гап»: Чаро забони тоҷикии адабӣ то ҳол оммавӣ нашуд
Деҳқони ҷайҳунӣ тарбузи зард парвариш кард
Бар асари тӯфони чангу ғубор ҳаво дар Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Ҷойҳо иваз шуданд: рубл беқурбу доллар гарон мешавад
ВКХ Русия қоидаҳои вуруд барои хориҷиёнро вобаста ба бекор шудани маҳдудиятҳо шарҳ дод
Вазорати маориф: “Барномаи таҳсилоти томактабӣ иҷро намешавад”
Reuters: Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати миллиардҳо маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” дастур дод
Судяҳои ВМКБ ва Суғд барои “кирдорҳои пастзанандаи шаъну эътибор” аз мансаб барканор шуданд
MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд
Имкони гуфтушуниди қарибулвуқӯъи Аҳмад Масъуд бо Толибон дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста