Владимир Путин, президенти Русия дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Исроил Нафталӣ Беннет барои ҳарфҳои вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мавриди яҳудиҳо ва яҳудибадбинӣ узрхоҳӣ кард. Дар ин бора аз датсгоҳи сарвазири Исроил хабар доданд.
"Сарвазир узрхоҳии Путинро барои ҳарфҳои Лавров пазируфт ва аз Путин барои шарҳ дар бораи муносибаташ нисбати мардуми яҳуд ва хотираи Ҳолокост изҳори сипос кард", - омадааст дар хабари дастгоҳи сарвазири Исроил.
Сомонаи расмии Кремл дар ин бора хабаре надодааст. Кремл танҳо аз гуфтугӯи Путин бо Беннет хабар дод.
Рӯзи 1 май вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров президенти Украина Владимир Зеленскийро бо пешвои миллатгарои Олмон Адолф Гитлер муқоиса кард.
Лавров гуфт, Гитлер ҳам "хуни яҳудӣ" дошт ва 6 миллион яҳудиро кушт. "Мардуми бохиради яҳудӣ мегӯяд, бадтарин яҳудибадбинон, тибқи маъмул, яҳудӣ ҳастанд", - гуфт Лавров.
Ин ҳарфҳои вай боиси хашми роҳбарияти Исроил шуд. Мақомоти Исроил Лавровро дар дурӯғгӯӣ ва нажодпарастӣ айбдор ва сафири Русияро дар Исроил барои шарҳ даъват карданд.
Рӯзи 3 май вазорати корҳои хориҷии Русия мақолаеро таҳти унвони "Дар бораи яҳудиситезӣ" нашр ва Исроилро дар ҳимоят аз "низоми неомиллатпарастии Киев" айбдор кард.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста