1 млрд афғонӣ (ҳудуди 11 млн доллар) аз сӯи Толибон барои кумак ба осебдидагони заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хуст дар шарқи Афғонистон ҷудо мешавад.  Дар ин бора хабаргузории Фергана бо истинод ба дастгоҳи ҳукумати Толибон дар Твиттер хабар медиҳад.

Мулло Шарафуддин Муслим, муовини вазири ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки дар ин ҳодиса дастикам 920 нафар фавтида ва 610 нафари дигар захмӣ шудаанд.  Вай афзуд, ки ба хонаводаҳои қурбониён аз ҳукумат 100 ҳазор афғонӣ (1100 доллар) ва барои захмиён 50 000 афғонӣ (550 доллар) кӯмак хоҳанд кард.

Тибқи иттилои дигар, шумори қурбониёни заминларза алакай аз ҳазор нафар гузашта, беш аз 1500 нафар ҷароҳат бардоштаанд.  Дар ин бора ба "РИА Новости" сардори раёсати фарҳанг ва иттилооти вилояти Пактико Амин Ҳузайфа хабар додааст.

Дар ҳамин ҳол, амири Имороти Исломии Афғонистон ва раҳбари Толибон Ҳайбатуллоҳ Охундзода дар робита ба заминларза дар вилоятҳои Хуст ва Пактико аз сохторҳои байнулмилалӣ кумак хостааст.

Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон дар баёнияе дар Twitter гуфтааст: "Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои хайрия ва башардӯстона даъват мекунем, ки дар робита ба ин фоҷеа ба мардуми Афғонистон кумак кунанд ва тамоми талоши худро барои кумак ба мотамдорон ҳарчи бештар ба кор гиранд".

Шаби 21 ба 22 июн дар бархе вилоятҳои Афғонистон заминларзаи шадид рух дод.  Гуфта мешавад, ки русто аз вулусволии Гиёни вилояти Пактико комилан хароб шудааст. Рустоҳои аҳолинишини манотиқи Бармало, Зирук ва Никл низ зарар дидаанд.

Қувваи заминларза 6,1 балл арзёбӣ шуда, маркази заминларза дар 44 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуст дар умқи 15 километр будааст.

Созмони Милал ва Иттиҳодияи Урупо гуфтаанд, ки вазъиятро зери назар доранд ва дар ҳоли баррасии ниёзҳо ва омодаи ҳамоҳангии кӯмак ҳастанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.