Муҳаммад Зоҳири Ағбар, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон иддаои Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишварро, ки гуфт, "бар асоси қонуни асосӣ раисҷумҳур будам, то замоне ки мардуми Афғонистон ба сурати қонунӣ қудратро ба каси дигаре вогузор кунанд, раисҷумҳур ҳастам” рад карда, изҳор дошт, ки бинобар қонуни асосии Афғонистон раисҷумҳур агар фирор кунад, вазифаи он ба зиммаи муовини ӯ вогузор мешавад ва дар ин асос, Амруллоҳ Солеҳ ҳоло сарпарасти мақоми раисҷумҳур Афғонистон аст.
Ӯ, имрӯз, 12 август дар як суҳбати ихтисосии худ бо “Азия-Плюс” афзуд, ки агар Ашраф Ғанӣ мегуфт, “ман раисҷумҳури бадарғашудаи Афғонистон ҳастам” дуруст буд.
Зоҳири Ағбар ҳамчунин, ба “бо як воскату чанд даст либос” фирор кардани Ашраф Ғанӣ бовар надорад ва таъкид мекунад, ки “агар Идораи бозрасии вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) ошкор кард, ки ӯ бо як миллион доллар аз ин кишвар фирор кард, пас ин ҳам дуздӣ аст ва ӯ бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад”.
-Ашраф Ғанӣ қаблан дар як тафоҳум омодагии таслими қудратро дошт ва пулҳоро ба тадриҷ сирқат кардааст. Таҳқиқ муайян кардааст, ки аз Бонки миллии Афғонистон болотар аз 400 млн. доллар гум шудааст аст. Аснодаш ҳаст, вале худи пул вуҷуд надорад,- мегӯяд ҷаноби Зоҳири Ағбар.
Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар робита ба иддаои дигари Ашраф Ғанӣ, ки аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси вақти Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон интиқод карда, ӯро "масъули адами таҳкими ҷумҳурият" номидааст, гуфт, ин “худсафедкунӣ ва ба дӯши каси дигар вогузор кардани масъулият аст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин шикаст нақше надорад, чунки масъулияте дар ҳукумат надошт”.
Ба андешаи Зоҳири Ағбар қудрати кулл, яъне ҳамаи пул, нерӯҳои низомӣ, қарордодҳои иқтисодӣ, намояндагиҳои хориҷӣ, қувваҳои ҳавоӣ дар дасти Ашраф Ғанӣ буд ва маҳз бемасъулиятии ӯ сабаб шуд, ки ҳукумати қонунии Афғонистон суқут кунад.
-Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки дасташ ба хуни мардум олуда нест, аммо панҷоҳ ҳазор афғонистонӣ маҳз бо айби ӯ ва “Толибон” кушта шуданд. Ғанӣ як миллатии бузургро дар мотам шинонд, Афғонистон ва тамоми зербиноҳои ин кишварро нобуд сохт, - гуфт сафир.
Ба иддаои Зоҳир Ағбар мусоҳибаи мазкур дар ҳамоҳангӣ бо худи ӯ таҳия шуда, сохтакорӣ мебошад ва ҳадафи он ба зиммаи Залмай Халилзод ё Абдуллоҳ Абдуллоҳ вогузор кардани масъулият ва суқути давлат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пеш, Ашраф Ғанӣ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии ABN гуфт, ки "то замоне ки мардуми Афғонистон ба сурати қонунӣ қудратро ба каси дигаре вогузор накунанд, раисҷумҳур ҳастам”. Ҳамчунин, ӯ сирқати пули нақдро рад карда, боз ҳам тамоми масъулияти суқути низоми давлатро аз дӯйи худ соқит ва ба зиммаи муттаҳидону шарикони сиёсии хешро вогузор намуд.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста