Шоми дирӯз, 12-уми сентябр, Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон 21-солагии ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистонро бо баргузории маҳфили адабии “Шаби шеър ва ирфон бо Масъуди бузург” таҷлил намуд, ки дар он чеҳраҳои сиёсиву адабии Афғонистону Тоҷикистон иштирок карданд.

Аҳмад Валӣ Масъуд, роҳбари Бунёди гиромидошти Аҳмадшоҳ Масъуд, роҳбари дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва бародари Аҳмадшоҳ Масъуд яке аз иштирокчиёни ин маҳфил буд, ки чанде аз хотироти худро дар хусуси фаъолияти муштарак бо “Шери Панҷшер” қисса кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, “Asia-Plus” аз ин сиёсатмадор ва дипломати собиқадори Афғонистон хост ба чанд савол посух гӯяд.

Ёдбуди шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд дар Душанбе

- Ҷаноби Аҳмад Валӣ, ҳоло дар муқобили Толибон се нерӯ - Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон ва ҳаракате бо роҳбарии Амруллоҳ Солеҳ ташкил шуда, ки як ҳадаф доранд. Чаро ин нерӯҳо як эътилофи муқовимат зидди Толибонро* таъсис намедиҳанд?

- Дар муқовимат ба муқобили Қӯшуни сурх (Артиши Шӯравӣ) низ ҷабҳаҳо ҳарҷой  буд ва то охир сарҷамъ нашуданд. Дуруст аст, ки роҳбари муқовимат Аҳмадшоҳ Масъуд буд, аммо он як навъ эътилофи ҳуқуқӣ дониста мешуд. Дар асл, ҳар кас, дар ҳар ҷой, фаъолият мекард. Масалан, генерал Дӯстум дар шимол, Муҳаққиқ дар марказ, Исмоилхон дар ғарб буданд, вале муқобили душмани муштарак, ки мубориза мебурданд, дар охир онро шикаст доданд. Муқовимат бо Толибон низ ба ҳамин тартиб аст.

Феълан як ҷабҳаи қавӣ - Ҷабҳаи муқовимати миллӣ вуҷуд дорад ва бо гузашти вақт он густариш ёфта, ҷабҳаҳои дигарро дар худ ҳазм мекунад.

- Баъзе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки муқовимати Ҷабҳа хусусияти идиологӣ (расонаӣ) дорад. Шарҳи шуморо дар бораи вазъи воқеии мубориза дар Панҷшер мехостам фаҳмам.

- Ин суханон музахрафот (суханони ботил) аст. Ҳамин ҳоло, ки мо дар инҷо суханронӣ доштем, дар Паҷшер ва Андароб 10 ҷанговари Ҷабҳа шаҳид шуданд. Толибон* талош доранд муқовиматро шикаст диҳанд, хушбахтона наметавонад. Мо борҳо шаҳид додем, куҷои ин мубориза “фейсбукӣ” аст? Ин гапи дуруст нест.

Вақте Қӯшунҳои сурх омаданд, ҷаҳон мегуфт, тамом, Афғонистон шикаст хӯрд, аммо вақте муқовимат шакл гирифт, ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷҷеҳ шуд ва дарк кард, ки ба муқовимат бояд кумак кунад.

Дар ин як сол Толибонро* ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохт, мардум умед ва ҷаҳон итминон ҳосил кард, ки муқовимат алайҳи Толибон* вуҷуд дорад. Ҳадафи аслии Толибон* ошкор шуд, ҳеҷ пайванде бо мардум эҷод нагардид. Толибон* зарфияти давлатдорӣ пайдо накарданд. Дар паҳлӯи муқовимати низомӣ муқовимати занон, ҷавонон, дар умум мардум ба шиддат авҷ гирифт ва саросарӣ шуд. Кишварҳои ҷаҳон ва минтақа, ки дар машруияти Толибон* хушбин буданд, ноком шуданд. Ин ҳама самари фаъолияти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст.

- Бархе кишварҳо бо Толибон* ҳамкорӣ мекунанд ва намояндагони онҳоро дар конфронсу ҳамоишҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ даъват менамоянд. Пас  ин ҳама далели чӣ аст?

- Бозии Афғонистон дар ин минтақа башиддат печида аст. Афғонистон дар байни як бозии бисёр хатарноки дипломатӣ қарор гирифтааст ва кишварҳои минтақа хуб медонанд, ки Толибон* кӣ ҳастанд. Толибон* мисли як саги ҷангӣ ҳастанд ва Амрико, Русия, Эрону Покистон мехоҳанд, ки аз он истифода кунанд.

Теъдоди дигар мехоҳанд бо ҷой додани як дипломат дар кишварашон аз ҳамлаи саг (Толибон дар назар аст-муаллиф) ҷилавгирӣ кунанд. Ин як ҳаракати тактикӣ буда, маънои ба расмият шинохтан ё ҳамкорӣ бо Толибонро* надорад.

- Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва баъзе кишварҳои дигар Ҷабҳаро пуштибонии маънавӣ мекунанд. Оё онҳо аз омодагии худ барои ироаи кӯмакҳои моливу низомӣ низ ҳарфе мегӯянд?

- То ҳанӯз аз сӯи ҳеҷ кишваре ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, барои ироаи кӯмакҳои молиявию низомӣ, пешниҳоде нашудааст. Ин дар ҳолест, ки мо ҳар рӯз бо Толибон* ҷанг ва аз худу мардум дифоъ мекунем.

- Оё Ҷабҳа бидуни пуштибонии абарқудратҳо, мисли Русияву Чину Амрико, муваффақ хоҳад шуд?

- Ҳамаи ҳукуматҳо дар Афғонистон ҳимояти берунаро доштанд. Инро таърихи Афғонистон мегӯяд. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳам аз ин истисно нест ва бояд ҳимояти абарқудратҳоро ба даст орад. Ин ба маъное нест, ки  мардум тасмими худро нагирифта бошанд, ирода накунанд ё ба хотири ҳимояи берунӣ муборизаи худро таваққуф созанд. Мардум муқовимат мекунанд, дар сангарҳо истод мешаванд, ҳар вақте ки дунё мехоҳад кӯмак кунад, биёяд.

Дар муддати як соле, ки муқовимат истод шудааст, ҳеҷ кишваре онҳоро ҳимоят намекунад. Ин иродаи мардум аст, мардум ҳақ  доранд, ки аз хона, ватан, иззати худ дифоъ кунанд. Мо умедворем, ки мардум ва Ҷабҳа ҳимояти берунӣ меёбад.

- Ба андешаи шумо Толибон* чанд сол дар сари қудрат боқӣ мемонанд?

- Умрашонро бисёр кӯтоҳ мебинам. Чунки Толибон* ба ҷуз аз як гурӯҳи террористӣ, абзори истихбороти беруна, ҳеҷ чизи дигар нестанд. На зарфияти давлатдорӣ доранд, на паёме ба мардум эҷод карда тавонистанд ва ҳеҷ пайванде ба донишу фарҳанг надоранд. Чунин идеология дар қарни 21 зинда намемонад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед