Ҳукуматдорони ИМА аввалин ҳолати фавти сокинон аз обилаи маймунро тасдиқ намуданд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Дар маҷмӯъ дар ИМА наздик ба 22 000 ҳолати сирояти сокинон ба сурхакони ҳамдуна ошкор шудааст. Таъкид мегардад, ки ҳодисаи фавт аз ин вируси тозахурӯҷ дар Амрико хеле кам аст.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар оғози тобистон роҳбари кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус хурӯҷи сурхакони маймунро ҳолати фавқулодда дар самти сиҳатии сокинони сайёра эътироф намуд.

То ҳол бар зидди ин вирус ваксинаи махсусе ихтироъ нашудааст. Аммо эъгузаронӣ бар зидди бемории гул ва ё сурхак инсонро то 85% аз сироят ба обилаи маймун ҳизф мекунад.

Ҳолатҳои маргу мир бар асари гирифторӣ ба ин беморӣ кам буда, тибқи маълумоти СҶТ, сатҳи фавт аз сурхакони маймун тайи солҳои ахир 3-6%-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.